Ноябр 10, 2020 18:22 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои ҳузури сулҳбонони Туркия дар Қарабоғ

Вазорати умури хориҷаи Русия иддаои раиси ҷумҳурии Озарбойҷонро дар бораи мушорикати нерӯҳои Туркия дар маъмурияти сулҳбонӣ дар минтақаи Қарабоғ рад кард.

Ба гузориши “Спутник”, Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, тибқи тавофуқномаи ахир миёни ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва Арманистон, танҳо сулҳбонони рус дар Қарабоғ мустақар мешаванд ва номе аз Туркия ба миён наомадааст.

Поён ёфтани ҷанги Қарабоғ бо таъми шикаст барои Арманистон

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт: «баёнияи муштараки раҳбарони Русия, Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин шомили банде дар бораи вазъияти ҷумҳурии ба расмият шинохтанашудаи Қарабоғ аст.»

Сухангӯи Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ҳам иддаои Илҳом Алиевро дар бораи мушорикати Туркия дар маъмурияти сулҳбонии Қарабоғ тибқи тавофуқи ҷадид рад кард.


Бар асоси тавофуқномаи ҷадид, ҳамзамон бо ақибнишинии нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, нерӯҳои сулҳбони Русия ба муддати панҷ сол дар манотиқи озодшуда мустақар мешаванд ва ин муддат ба таври худкор 5 соли дигар тамдид хоҳад шуд, магар он ки ҳар кадом аз тарафайн 6 моҳ қабл аз поёни он қасди худро барои инқизои ин банд эълом кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп