Ноябр 11, 2020 22:49 Asia/Dushanbe
  • Пашинян: агар тавофуқномаи сулҳи ин кишвар ва Ҷумҳурии Озарбойҷон имзо намешуд, Хонкандӣ суқут мекард.
    Пашинян: агар тавофуқномаи сулҳи ин кишвар ва Ҷумҳурии Озарбойҷон имзо намешуд, Хонкандӣ суқут мекард.

Нахуствазири Арманистон эълом кард: агар тавофуқномаи сулҳи ин кишвар ва Ҷумҳурии Озарбойҷон имзо намешуд, Хонкандӣ суқут мекард.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Медия Макс, сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт: вогузории Ағдом, Лочин ва Калабҷар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон барои ҳифзи Хонкандӣ буд ва агар ин тавофуқнома дар он замон имзо немешуд, даргириҳо идома мекард ва эҳтимоли зиёде вуҷуд дошт, ки ин минтақа ба тасарруфи Ҷумҳурии Озарбойҷон дарояд.

 

Пашинян афзуд: Хонкандӣ дар замони тасмимгирӣ барои тавофуқи сулҳ таҳти таҳдиди мустақим қарор дошт ва Ереван тавони боздорандагии нерӯҳои Бокуро надошт.

Мардуми Ереван пойтахти Арманистон дар эътироз ба тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ рӯзи чоршанбе ба хиёбонҳо омаданд ва истеъфои Никол Пашинянро хостор шуданд.

Товофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои таҳаққуқи оташбаси комил ва рафъи хусуматҳо дар минтақаи даргирии Қарабоғ аз бомдоди 10 ноябр рӯзи сешанбе ба вақти Москва ба имзои раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва раиси ҷумҳурии Россия Владимир Путин расид.

Бештар бихонед:

Барчасп