Ноябр 13, 2020 22:35 Asia/Dushanbe
  • Маскав эълом кард, узрхоҳии Бокӯро бобати сарнагун кардани болгарди русӣ пазируфтааст
    Маскав эълом кард, узрхоҳии Бокӯро бобати сарнагун кардани болгарди русӣ пазируфтааст

Русия узрхоҳии ҷумҳурии Озарбойҷонро ба далели сарнагун кардани болгарди расӣ бар фарози Арманистон пазируфт.

Ба гузориши торнамои шабакаи “Алолам”, кохи раёсати ҷумҳурии Русия эълом кард: “Маскав ба далели вокуниши фаврии Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ва эъломи омодагӣ барои анҷоми таҳқиқоти мунсифона дар бораи сарнагун кардани болгарди Русия бар фарози Арманистон, узрхоҳии Бокӯро пазируфтааст”.

Дар миёнаи даргириҳои минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи кӯҳистонӣ рӯзи 9 ноябр ҷумҳӯрии Озарбойҷон бо эътироф ба сарнагун кардани болгарди русӣ бар фарози Арманистон, аз Маскав бобати ин ҳодиса узр хосту таъкид кард, Бокӯ омода аст то бобати сарнагун кардани болгарди русӣ ғаромат бипардозад.

Бар асоси гузориши расонаҳо, бо суқути ин болгард ду сарнишини он кушта шуданду як сарнишини дигар низ маҷрӯҳ шуд.

Шомгоҳи 9 ноябр бо тавофуқи Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ба муноқишаи 30 сола дар Қарабоғ поён доданд.

Бештар бихонед:

30 сол муноқишаи Қарабоғ ин гӯна поён ёфт + филм

Ҷашну шодӣ дар ҷумҳурии Озарбойҷон – даргириву даъво дар Арманистон + филмҳо