Ноябр 14, 2020 19:11 Asia/Dushanbe

Пас аз 28 сол, аввалин намози ҷамоат дар шаҳри Шушаи минтақаи Қарабоғ баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ҳақоиқи Қафқоз, намози ҷамоат дар масҷиди тарихии Гавҳароғо Юхории шаҳри Шуша иқома шуд.

Вазорати кишвари Ҷумҳурии Озарбойҷон низ рӯзи панҷшанбе аз таъсиси идораи полис дар шаҳри Шуша хабар дода буд.

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ахиран ба муносибати озодсозии шаҳри Шуша аз контроли нерӯҳои Арманистон дар Қарабоғ, дар паёме ба мардумаш гуфт: "Садои азон дар шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз 28 сол бори дигар ба садо дармеояд ва давлат ҳама масоҷид ва ёдгориҳои таърихиро бозсозӣ хоҳад кард.

 

Шуша дувумин шаҳри муҳими минтақаи Қарабоғ аст.

Шуша дар 8 моҳи соли 1992 мелодӣ ба ишғоли нерӯҳои Арманистон даромад, аммо рӯзи 8 ноябр 2020 артиши Озарбойҷон онро озод кард.

Бештар бихонед: 

Барчасп