Ноябр 15, 2020 10:23 Asia/Dushanbe
  • Хунсосозии тарҳи террори Пашинян
    Хунсосозии тарҳи террори Пашинян

Хадамоти иттилооти Арманистон эълом кард, ки тарҳи террори Никол Пашинян, нахуствазири ин кишвар кашф ва хунсо шудааст.

Хабаргузории «Арманпресс» рӯзи шанбе гузориш дод, ки Артур Ванетсян (Artur Vanetsyan), раиси собиқи Хадамоти амнияти миллии Арманистон ба иттиҳоми тавтеа ва барномарезӣ барои террори Пашинян ва кудато алайҳ ӯ боздошт шудааст.

Ванетсян ҳамакнӯн раиси Ҳизби ватани Арманистон, аз аҳзоби мухолифи нахуствазирии Пашинян аст ва муттаҳам ба ҳамл ва интиқоли ғайриқонӯнии силоҳ ва муҳимоту бомб шудааст.

Ба дунболи тавофуқи ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон бар сари таваққуфи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ, ки сешанбеи ҳафтаи гузашта бо назорати Русия ба имзои раисони се кишвар расид, эътирозҳо ба нахуствазири Арманистон дар бархе аз шаҳрҳои ин кишвар аз ҷумлаи Ереван шакл гирифт.

Пашинян баъд аз имзои ин тавофуқ ба хиёнат ва дурӯғгуӣ ва куштори нерӯҳои арманӣ дар Қарабоғ муттаҳам шудааст. Бар асоси ин тавофуқ, Арманистон арозии ишғолии ҷумҳурии Озарбойҷонро ба Озарбойҷон вогузор кардааст ва дар баробари каридори Лочин, ки Арманистонро ба Қарабоғ васл мекунад, муваззаф шуда, каридоре ҷиҳати ҳамлу нақл байни хоки аслии Озарбойҷон бо ҷумҳурии Нахҷавон эҷод кунад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп