Фатҳи Русия бо театри русӣ-тоҷикии Маяковский
Бозигарони мустаъиди театри драмавии Душанбе бо номи Маяковский дар чорчӯби Ҷашнвораи “Big Tour” дар шаҳрҳои мухталифи Русия иҷро хоҳанд дошт.
Ба гузориши Азия Плюс, “Big Tour” театри драмавии бо номи Душанбе бо намоиши “Ҳамлет” аз Уильям Шекспир бо саҳнасозии ҳунарпешаи барҷастаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи миллии Рӯдакӣ, Баҳодур Миралибеков дар шаҳри Киров рӯзи 11 ноябр кори худро оғоз кард. Ба гуфтаи бозигари театри Маяковский Хуршед Мустафоев, илова бар “Ҳамлет”, намоиши “Тартуффаро” бар асоси осори Molière (Мольер) бо саҳнасозии Баҳодур Миралибеков низ барои тамошогарон иҷро шудааст.
Хуршед Мустафоев мегуяд: “шаҳри Киров бисёр гарм ва самимона пазироӣ мо буд. Мардум дар толорҳои пур моро ташвиқ мекарданд то бо ифтихори намояндаи Тоҷикистони худамон бошем. Мо эҳсосоти мусбати зиёде аз шаҳри Киров ва мухотабон дорем”.
Ин бозигарони театр дар Йошкар-Оли “Ҳамлет” ва“Тартуффаро”-ро дар 14 то 15 ноябр ба намоиш мегузоранд.
Дар 18 ноябр низ намоиши “Ҳамлет” бо иҷрои маяковскийҳо дар дувумин ҷашнвораи театрҳои хориҷии Русия дар Маскав ба рӯи саҳна меравад.
Ҷашнвораи “Big Tour” тавассути идораи федероли барномаҳои мӯсиқӣ ва ҷашнвораҳои муассисаи фарҳангии «Росконцерт» ба намояндагӣ аз Вазорати фарҳанги Русия баргузор мешавад.
БЕШТАР БИХОНЕД: