Ноябр 15, 2020 19:56 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти густардаи покистониҳо зидди исломситезии Фаронса
    Тазоҳуроти густардаи покистониҳо зидди исломситезии Фаронса

Мардуми Покистон бори дигар дар эътироз ба иҳонатҳои ахир ба Паёмбари Акрам (с) дар Фаронса тазоҳурот карданд.

Ба гузориши ИРНА, тазоҳуроти оммавӣ алайҳи таҳқири муқаддасоти мусалмонон аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии Шарли Эбдо Charlie Hebdo бо ҳузури фаъолони мазҳабӣ ва сиёсӣ дар шаҳри Равалпинди дар наздикии Исломобод (пойтахти Покистон) имрӯз, шанбе шурӯъ шуд, ки замзамаҳо эҳтимолияти онро нишон медиҳанд Дар байни тазоҳургарон ва нерӯҳои полис хушунат ва задухӯрд ба амал меояд.

Тазоҳурот аз маркази шаҳри Равилпиндӣ ба самти майдони Файзобод, (минтақаи байни шаҳри Равилпиндӣ ва Исломобод) оғоз шуда ва ҳамзамон тадобири шадиди амниятӣ дар масири тазоҳурот вазъ шудааст.

Гузоришҳои расонаҳои Покистон аз задухӯрдҳо байни полис ва тазоҳургарон шаҳодат медиҳанд ва эҳтимоли афзоиши хушунат ва нишасти тазоҳургарон дар майдони ба сӯи шаҳри Исломобод вуҷуд дорад.

Раиси Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон чанде пеш дар як изҳороти бешармонаи худ гуфт, ки дар кишвар минбаъд низ нашрҳои карикатураҳои таҳқиромез алайҳи Паёмбари гиромии Ислом (с) идома дода мешавад. Ин суханон хашм ва вокуниши мусалмонони ҷаҳонро ба бор овард.

Аз соли 2015 ин бори дуввум аст, ки маҷаллаи фаронсавии Charlie Hebdo алайҳи Паёмбари Ислом (с) карикатураҳои таҳқиромез нашр мекунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп