Нопадид шудани садҳо нерӯи артиши Арманистон
(last modified Mon, 16 Nov 2020 15:48:20 GMT )
Ноябр 16, 2020 20:48 Asia/Dushanbe
  • Пас аз поёни ҷанги Қарабоғ садҳо неруи артиши Арманистон нопадид ҳастанд
    Пас аз поёни ҷанги Қарабоғ садҳо неруи артиши Арманистон нопадид ҳастанд

Нахуствазири Арманистон эълом кард, бо вуҷуди таваққуфи даргириҳо дар Қарабоғ садҳо нерӯи артиши ин кишвар ҳамчунон нопадид ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Никол Пашинян афзуд, табодули зиндониёни ду кишвар пас аз поёни мубодилаи аҷсод байни Боку ва Ереван оғоз мешавад.

Нахуствазири Арманистон, ки пас аз имзои тавофуқи сулҳи Қарабоғ ҳадафи интиқодоти бисёре дар кишвараш қарор гирифтааст, пеш аз ин гуфта буд, ки аз сари ночорӣ ин тавофуқро имзо кардааст.

 

Истеъфои вазири хориҷаи Арманистон

Аз сӯи дигар, Вазорати умури хориҷаи Арманистон рӯзи душанбе хабари истеъфои Зоҳраб Мнатсаканян, вазири умури хориҷаи ин кишварро эълом кард.

Пашинян вазири хориҷаи кишварашро водор ба истеъфо кард

Нахуствазири Арманистон имрӯз дар нишасти маҷлиси миллии ин кишвар Зоҳраб Мнатсаканянро ба ноуҳдабароӣ дар музокироти сулҳи Қарабоғ муттаҳам кардаву гуфтааст, ки вай бояд аз симати худ истеъфо диҳад.

Мнатсаканян аз моҳи майи соли 2018 дар пости вазорати хориҷа дар ин кишвар будааст.

 

Тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои таҳаққуқи оташбаси комил ва рафъи тамоми хусуматҳо дар минтақаи даргирии Қарабоғ аз бомдоди 10 ноябр (рӯзи сешанбе) ба вақти Маскав ба имзои Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия расид.

 

Бештар бихонед:

Хунсосозии тарҳи террори Пашинян

Русия: Арманистонро дар масъалаи Қарабоғ фиреб надодаем

Раиси ҷумҳурии Арманистон аз тавофуқи Қарабоғ ибрози беитилоӣ кард