Ноябр 16, 2020 22:22 Asia/Dushanbe
  • Як қошуқи чойхурӣ вирус то кунун 53 миллион нафарро ба корона мубтало кардааст
    Як қошуқи чойхурӣ вирус то кунун 53 миллион нафарро ба корона мубтало кардааст

Як риёзидони австралияӣ бо талошҳои бисёр тавонист бо муҳосибаи мизони олӯдагии ҷаҳон ба вируси корона, ҳаҷми вирусе, ки ҷаҳониёнро мубтало кардааст, тахмин бизанад.

Ба гузориши рӯзномаи “Дейли Мейл”, ҷолиб аст бидонед ҳаҷми вируси коронае, ки саросари ҷаҳонро мухтал кардаву беш аз 53 миллион нафарро то кунун бемор кардааст, ҳаддиаксар ба андозаи як қошуқи чойхурӣ аст.

Маҷмӯи ҳамаи вирусҳои корона дар ҷаҳон дар як ливон ҷо мегирад

Мат Поркер, риёзидони австралияӣ, ки таҳқиқҳои зиёде дар заминаи ҳаҷми вируси корона анҷом дода, эълом кардааст, ки дар ҳаддиаксари тахмине ки ӯ зада, миқдори вируси коронае ки то кунун афродро дар манотиқи ҷаҳон мубтало кардааст, ба андозаи як таҳи истакон аст.

Ӯ муҳосиба кардааст, ки 3. 3 миллион миллиард ҳуҷайраи Ковид -19 дар ҷамъияти инсонҳо вуҷуд дорад, ки маҷмӯи ҳамаи онҳо ҳаддиаксар дар як истакон ҷой мегирад.

Ба гуфтаи Поркер, вируси корона миллионҳо бор аз ҳуҷайраҳои инсон хурдтар аст.

Ин дар ҳоле аст, ки то кунун ин вируси заррабинӣ ҷони як миллиону сесад нафарро дар саросари ҷаҳон гирифтаву ҳанӯз ҳеч ваксинаву доруе таъйид нашудааст, ки битавонад инсонро дар баробари корона эмин кунад.

 

Бештар бихонед: