Пашинян: Ман аз қудрат даст намекашам
Сарвазири Арманистон ҳар гуна хуруҷ аз қудратро рад кард ва мухолифони созишномаи сулҳи Қарабоғи Кӯҳистониро ба худдорӣ аз хушунат даъват кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Никол Пашинян шаби душанбе дар Фейсбук навишт: "Зӯроварӣ ва даъват ба он, бавижа хушунати мусаллаҳона, ба ҳеҷ ваҷҳ як роҳи амал буда наметавонад ва мухолифон набояд аз ҳама гуна амалҳои хушунатомез худдорӣ кунанд."
Рӯзи душанбе дар як тазоҳурот дар Ереван Эдуард Шармазанов, яке аз чеҳраҳои аслии аҳзоби мухолифи давлат гуфт: "Ҳатто як соати бештар ҳузури Пашинян дар сари қудрат, таҳдиди мустақим ба амнияти мо ва мардуми мост."
Ба думболи тавофуқи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари таваққуфи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ, ки сешанбеи ҳафтаи гузашта бо назорати Русия ба имзои руасои се кишвар расид, эътирозҳо ба сарвазири Арманистон дар бархе аз шаҳрҳои ин кишвар, аз ҷумла ереван шакл гирифт.
Эътирозгарон баъд аз имзои ин тавофуқ Пашинянро ба дурӯғгӯи, хиёнат ва куштори нерӯҳои арманӣ дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ муттаҳам карданд.
Пашинян дар соли 2018 дар як инқилоби мусолиматомез ба қудрат расид.
Бештар бихонед: