Ноябр 17, 2020 12:00 Asia/Dushanbe
  • Мушовирони Трамп ӯро аз зарбаи низомӣ ба як таъсисоти ҳастаӣ пешгирӣ кардаанд
    Мушовирони Трамп ӯро аз зарбаи низомӣ ба як таъсисоти ҳастаӣ пешгирӣ кардаанд

Рӯзномаи Ню- Йорк Таймс муддаӣ шуд, ки Раиси Ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида дар нишасте дар Кохи Сафед гузинаи ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон дар ҳафтаҳои ояндаро бо мушовирони худ дар миён гузоштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ал-Олам, рӯзномаи Ню-Йорк Таймс рӯзи душанбе дар гузорише ба нақл аз "мақомоти кунунӣ ва пешини Иёлоти Муттаҳида" муддаӣ шуд, ки Трамп панҷшанбеи гузашта дар нишасте дар Кохи Сафед аз мушовирони худ дар  мавриди имкони ҳамла ба "таъсисоти муҳим ва ҳастаӣ"-и Эрон дар ҳафтаҳои оянда назархоҳӣ кардааст.

Ню-Йорк таймс дар идомаи ин гузориш меафзояд,  ки мушовирони Доналд Трамп вайро аз чунин ҳамлаи низомӣ боздошта ва ба ӯ ҳушдор додаанд, ки ин иқдоми Вашингтон метавонад бар шиддати таъорузҳо миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида дар « ҳафтаҳои поёнии раёсати ҷумҳурии Трамп » биафзояд.

Тибқи ин гузориш, пас аз он ки мушовирони Кохи Сафед ба Трамп дар мавриди паёмади эҳтимолии ҳамлаи мушакӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳушдор доданд, бо ин бовар маҳалли баргузории нишастро тарк карданд, ки «гузинаи ҳамлаи мушакӣ ба дохили Эрон бар рӯи миз нест».

Тибқи гузориши рӯзномаи  Ню-Йорк Таймс, ин ҳамла - дар сурати иҷроӣ шудан- «ба эҳтимоли қариб ба яқин » таъсисоти ҳастае Назонз, ки аз муҳимтарин сайтҳои ғанисозии  ураниум дар Эрон бударо ҳадаф қарор медод.

Ин нишаст дар Кохи Сафед як рӯз пас аз он баргузор шуд, ки «Рафаэл Гросси» мудирикулли ожонси байналмилалии энергетикии атомӣ чаҳоршанбеи гузашта дар баёнияе муддаӣ шуд, ки миқдори  ураниуми ғанишудаи Эрон ба 12 баробари маҳдудияти эъломшуда дар Барҷом расидааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп