Кӯршапаракҳои хуношом гигиенаи бемориҳоро риоят мекунанд
(last modified Tue, 17 Nov 2020 07:31:11 GMT )
Ноябр 17, 2020 12:31 Asia/Dushanbe
  • Кӯршапаракҳо ҳангоми беморӣ масофаи иҷтимоиро риоя мекунанд
    Кӯршапаракҳо ҳангоми беморӣ масофаи иҷтимоиро риоя мекунанд

Тадқиқотҳои нав нишон медиҳанд, ки кӯршапаракҳои хуношом, ки махлуқоти иҷтимоӣ мебошанд, якдигарро хӯрда, хӯрокро бо ҳам тақсим мекунанд ва ҳангоми бемор буданашон аз бақияи ҳамнавъони худ фосила мегиранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ал-Олам, мушоҳидоти озмоишгоҳии олимон нишон дод, ки ин кӯршапаракҳо дар давраи беморӣ фосилагузории иҷтимоиро риоят мекунанд, замони камтареро бо кӯршапаракҳои дигар мегузаронанд ва бо теъдоди камтаре аз ҳамгурӯҳҳои худ муошират мекунанд.

Барои таҳқиқот, муҳаққиқон дар Донишгоҳи давлатии Огайо робитаи иҷтимоии худро бо пайваст кардани сенсори масофа ба гурӯҳи кӯршапаракҳои ваҳшӣ, ки дар дохили дарахти чуқур зиндагӣ мекунанд, баррасӣ карданд.

Дар қисми тадқиқот, муҳаққиқон ба 16 кӯршапарак моддае ворид карданд, ки системаи иммунии кӯршапаракҳоро муваққатан фаъол мекунад, гӯё ки онҳо бемор бошанд.

Тибқи гуфтаи олимон, 15 кӯршапараки дигар, ки дар ин дарахт зиндагӣ мекарданд, дар ин озмоиш осеб надиданд.

Олимон мушоҳида карданд, ки кӯршапаракҳои беморе, ки системаи иммунии онҳо барои мубориза бо уфунат таҳрик шуда буд, дар муқоиса бо кӯршапаракҳои солим бо ҳадди аққал чор кӯршапарак камтар алоқа доштанд, ба ёфтани ҳамнавъони дигар камтар майл доштанд ва камтар ҳаракат мекарданд

 

Бештар бихонед: