Ноябр 17, 2020 16:44 Asia/Dushanbe
  • Обама дар интихоботи ахири ИМА аз Байден пуштибонӣ кард
    Обама дар интихоботи ахири ИМА аз Байден пуштибонӣ кард

Раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико Барак Абама гуфтааст, ки аз т арси ҳамсараш дар давлати Байден ҳузур намеёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Арти,  раиси  ҷумҳурии пешини Амрико дар мусоҳиба гуфт, ки пешниҳоди ҳамкорӣ дар давлати Ҷо Байденро нахоҳад пазируфт, зеро вай аз он метарсад, ки ҳамсараш ӯро тарк мекунад.

"Ман ҳеҷ гоҳ баъзе корҳоро намекунам, вагарна Мишел маро тарк мекунад" гуфт ӯ шӯхӣ карда.

Обама омодагии худро барои расонидани ҳама гуна кӯмак ба маъмурияти ояндаи Амрико эълом кард, аммо таъкид кард, ки нияти номзад шудан ба маъмурияти навро надорад.

Раиси Ҷумҳурии пешини Иёлоти Муттаҳида, ки умедвор аст аз сиёсат канорагирӣ кунад, идома дод: "Пушт кардан ба ҳамаи инҳо боис мешавад гоҳе эҳсос кунам дубора ба зиндагӣ баргаштаам.

Дар ҳафтаҳои пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии 3 ноябр, Обама номзадии Байденро тавассути зангҳо, твитҳо ва мусоҳибаҳо дастгирӣ кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп