Ноябр 18, 2020 12:56 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Амрико дар сафар ба Туркия танҳо бо раҳбари калисои Ортодокс дидор кард
    Вазири умури хориҷаи Амрико дар сафар ба Туркия танҳо бо раҳбари калисои Ортодокс дидор кард

Расонаҳои Туркия сафари вазири корҳои хориҷии Амрико ба ин кишварро пушиши хабарӣ надоданд.

Ба гузориши радио тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, сафари худ ба Туркияро субҳи рӯзи сешанба оғоз кард, ки ин дидорро расонаҳои туркӣ танҳо дар чанд сатр пӯшиши хабарӣ доданд.

Тибқи иддаои  баъзе расонаҳои Туркия, Помпео қабл аз сафар ба ин кишвар дархости мулоқот бо вазири корҳои хориҷӣ ва Раиси Ҷумҳурии Туркия дар Истамбул карда буд, ва пас аз радди ин дархост, ӯ танҳо ба мулоқот бо патриарх Бартоломей, раҳбари калисои ортодоксӣ қаноат кард.

Пас аз он ки маълум шуд, ки Помпео бо дидоре бо масъулони расмии Туркия нахоҳад дошт, расонаҳои ин кишвар тавре рафтор карданд, ки сафари вазири корҳои хориҷии Амрико ба Туркия бе аҳамият нишон дода шавад.

Ихтилофоти Туркия ва Амрико аз куҷо оғоз шуд?

Ихтилофоти Туркия ва Амрико аз онҷо оғоз ёфт, ки тибқи созишномаи Анкара бо Маскав дар соли 2017, Туркия  чаҳор системаи мушакии С-400 ба маблағи 2,5 миллиард долларро аз Русия харид.

Амрико борҳо Туркияро ҳушдор дода буд, ки дар сурати гирифтани системаҳои С-400 аз Русия, ба таҳримҳои Вашингтон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп