Ноябр 18, 2020 20:37 Asia/Dushanbe
  • Хонито ба ҳамроҳи бақияи бачаҳо дар кӯҳ раҳо шуда ва аз сармо мурдаанд
    Хонито ба ҳамроҳи бақияи бачаҳо дар кӯҳ раҳо шуда ва аз сармо мурдаанд

Ҷасади Хонито Ло Дончело - духтаре навҷавон баъд аз 500 сол аз маргаш солим пайдо шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Хонито Ло Дончело, духтари навҷавон аз аҳолии императории сурхпӯстии Инка (1438 - 1533 ) дар Амрикои Ҷанубӣ буда, ки 500 сол пеш бар асари яхзадагӣ ҷон бохтаву пайкари тоза кашфшудаи ӯ ҳанӯз солим аст.

Ба назар мерасад ин духтари навҷавони яхзада дар кӯҳ, ба худоён ҳадя шудааст.

Тибқи таҳқиқоти донишмандон, ин духтари инкаӣ ҳудуди 500 соли пеш дар маросиме муҳим пас аз масрафи муназзами маводи мухаддир ва алкогол (эҳтимолан барои коҳиши дарди ҳосил аз набуди кислород) қурбонӣ шудааст.

Ҷасади ӯ дар иртифооти болои оташфишони Лиуллайллако, дар кӯҳҳои Анд дар Аргентина ҳамроҳ бо аҷсоди кӯдаконе дигар кашф шудааст ва ба назар мерасад, ки онҳо ба пешгоҳи худоён ҳадя ва барои онон қурбонӣ шудаанд.

Донишмандон гумон мекунанд, ки тибқи як суннати бостонӣ Хонито ба ҳамроҳи бақияи бачаҳо дар кӯҳ раҳо шудаву аз сармо мурдаанд.