Ноябр 19, 2020 11:22 Asia/Dushanbe
  • Сергей Наришкин аз Ғарб ба далели талош барои шикасти тавофуқи Қарабоғ интиқод кард
    Сергей Наришкин аз Ғарб ба далели талош барои шикасти тавофуқи Қарабоғ интиқод кард

Раиси Хадомоти иттилооти хориҷии Русия, Ғарбро ба талош барои ба шикаст кашондани тавофуқ дар Қарабоғ ва аз саргирии ҷанг дар ин минтақа муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Сергей Наришкин рӯзи чаҳоршанбе гуфт: «бархе кишварҳои ғарбӣ талош мекунанд то оташи муноқиша дар Қарабоғро дубора бирафрӯзанд то Русияро аз минтақаи Қафқози Ҷанубӣ берун кунанд.»

Хадомоти иттилооти хориҷии Русия афзуд: «бархе кишварҳои ғарбӣ аз тариқи каналҳои мавҷӯд, миллигароёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷонро таҳрик мекунанд то тавофуқҳо барои сулҳу барқарории оташбас беэътибор шавад.»

Бино бар изҳороти ин мақоми иттилоотии Русия, Ғарб мекушад мардуми Арманистон бипазиранд, ки сулҳ дар Қарабоғ, шикасти Ереван аст ва мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон низ бовар кунанд, Кремл пирӯзиро аз онҳо дуздида аст.

Поёни 30 соли муноқишаи Қарабоғ

Тавофуқи сулҳи Қарабоғ барои таҳаққуқи оташбаси комил ба ибтикори Русия аз бомдоди 10 ноябр ба вақти Маскав ба имзои раисиҷумҳури Озарбойҷон, нахуствазири Арманистон ва раиси ҷумҳури Русия расид ва иҷрои он оғоз шуд.

Русия ҳафтаи гузашта дар чорчӯби ин тавофуқ воҳидҳои сулҳбон ба Қарабоғ эъзом кард ва қарор аст дар маҷмӯъ якҳазору 600 нерӯи низомии рус дар ин минтақа мустақар шавад.

Даври ҷадиди даргирии миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ 27 сентябр оғоз шуда буд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп