Ноябр 20, 2020 17:12 Asia/Dushanbe
  • Арманистон пеш аз ин шумори куштаҳояш дар ҷанги Қарабоғро ҳазору 585 нафар эълом карда буд
    Арманистон пеш аз ин шумори куштаҳояш дар ҷанги Қарабоғро ҳазору 585 нафар эълом карда буд

Вазорати беҳдошти Арманистон кушта шудани ду ҳазору 425 низомии ин кишварро дар ҷанг бо ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, Арсен Торосян, вазири беҳдошти ҷумҳурии Арманистон гуфт, ин ду ҳазору 425 низомии ин кишвар аз 27 сентябр то 9 ноябр дар даргирӣ бо низомиёни ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ кушта шудаанд, ки пайкари онҳо шиносоӣ шудааст.

Арсен Торосян афзуд, илова бар ин, ҳудуди 250 пайкари дигар аз низомиёни Арманистон ҳанӯз шиносоӣ нашудааст.

Ин омор дар ҳоле мунташир мешавад, ки артиши Арманистон пеш аз ин шумори куштаҳои низомиёни ин кишвар дар ҷанг бо ҷумҳурии Озарбойҷонро ҳазору 585 нафар эълом карда буд.

Даргириҳои ҷадид байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аз 27 сентябр дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуд ва аз бомдоди 10 ноябр низ тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои таҳаққуқи оташбаси комил дар минтақаи даргирии Қарабоғ ба имзои Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия расид.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп