Ноябр 20, 2020 19:29 Asia/Dushanbe
  • Чин 2 килограм аз намунаҳои хоки кураи Моҳро ба Замин меорад
    Чин 2 килограм аз намунаҳои хоки кураи Моҳро ба Замин меорад

Ковишгари “Чанг Иҳ-5”-и Чин, ки ба зудӣ аз пойгоҳи Ван Чанг, дар ҷануби Чин ба самти кураи Моҳ партоб мешавад, қарор аст хоки кураи Моҳро ҷамъоварӣ ва ба Замин биёрад.

Ба гузориши радиои байналмилалии Чин, ковишгари “Чанг Иҳ-5” пас аз партоб масире дар ҳудуди 800 ҳазор километрро тай хоҳад кард то ба кураи Моҳ, воқеъ дар 380 ҳазор километрии кураи Замин бирасад ва бо фуруд бар он, намунаҳои хоки кураи Моҳро ҷамъоварӣ кунад ва ба кураи Замин баргардад.

Мутахассисон дар бораи аҳамияти таҳқиқ рӯйи хоки кураи Моҳ мегӯянд, баррасии намунаҳои хоки кураи Моҳ барои ошноӣ бо торихи хоки ин кура ва ҳатто фаъолиятҳои хуршед кумаки зиёде хоҳад кард.

Қарор аст ковушгари “Чанг Иҳ-5”-и Чин 2 килограм аз намунаҳои хоки кураи Моҳро ба Замин биоварад.

 

Шӯравии собиқ ва Амрико дар барномаҳои ковуши Моҳи худ, ки даҳаҳо пеш анҷом шуд, ҳар як камтар аз ним килограм аз хоки Моҳро ба Замин овардаанд.

 

Бештар бихонед:

Миррих ҳамзоди моҳро дуздида аст

Ҳамкории ҳашт кишвари ҷаҳон барои хурдани Моҳ

Кашфи як сайёраи қобили сукунат ба бузургии Замин