«Mirror»: Путин ба саратон мубтало шудааст
(last modified Sat, 21 Nov 2020 08:55:41 GMT )
Ноябр 21, 2020 13:55 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Кремл бемории раисиҷумури Русияро рад кардааст
    Сухангӯи Кремл бемории раисиҷумури Русияро рад кардааст

Як расонаи англисӣ иддао кард, ки раисиҷумҳури Русия ба бемории саратон мубтало шуда ва авоили соли 2020 таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифтааст.

Ба гузориши рӯзномаи англисии «Mirror» муддаӣ шуда, ки раиси ҷумҳури Русия нишонаҳое аз бемории паркинсон саратон доштааст.

«Mirror» ба нақл аз Валерий Соловей, раиси пешини Муассисаи равобити байналмилали Маскав навиштааст, ки Владимир Путин дар моҳи феврали имсол ба далели ибтило ба бемории саратон ҷарроҳӣ шудааст.

Нашрияи “The Sun”Англия низ пеш аз ин низ ба нақл аз бархе манобе муддаӣ шуда буд, ки Путин ба бемории паркинсон мубтало шуда ва қарор аст дар моҳи январи 2021 аз симати худ канорагирӣ кунд.

Ин нашрия муддаӣ шуда буд, раисиҷумҳури Русия дар миёни нигарониҳо дар хусӯси ибтлоаш ба бемории паркинсон дар моҳи январ аз симташ канорагирӣ хоҳад кард.

Бо ин вуҷӯд Димитрий Песков, сухангӯи Кремл иддаои ин нашрияи англисӣ дар бора бемории раисиҷумҳури Русия ва барномаи вай барои истеъфоро рад кард.

БЕШТАР БИХОНЕД:

 Кремл: иддаои ибтилои Путин ба бемории паркинсон дурӯғ аст

Болтон: Трамп ба Путин ва Си ҳасодат мекунад