Шарти Трамп барои пазириши шикаст дар интихобот
Узви ҳайати мушовирони Доналд Трамп аълом кард ӯ дар сурати эъломи додгоҳи олии федерал шикаст дар интихоботро мепазирад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи интернетии Скай Нюз, Габриэл Сома узви ҳайати мушовирони Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи шанбе гуфт: "дар сурате, ки додгоҳи Олии Федерал эълом кунад ҳеч навъ тахаллуфе, ки бар раванди интихобот ва натоиҷи он таъсир бигзорад рух надодааст, Трамп пирӯзии Ҷо Байден рақиби демократи худро ба расмият хоҳад шинохт"
Ба гуфтаи мушовири раиси ҷумҳурии феълии Амрико дар сурати эъломи пирӯзии номзади демократ аз ҷониби додгоҳи Олии Федерал, Трамп ба ин тасмим эҳтиром хоҳад гузошт ва раванди таҳвили қудратро ба шакли табиӣ анҷом хоҳад дод.
Раиси Ҷумҳурии Амрико бо вуҷуди пештозии Ҷо Байден рақиби демократаш дар раъйҳои электрол ва мардумӣ ҳанӯз натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳуриро напазируфта ва мӯътақид аст дар интихоботи сеюми ноябр тақаллуб шудааст.
Бештар бихонед:
- Шиддат гирифтани кӯшишҳои Трамп барои тағир додани натиҷаҳои интихоботи Амрико
- Иддаои тозаи Трамп дар бораи натиҷаи интихоботи Амрико