Шарти Трамп барои пазириши шикаст дар интихобот
(last modified Sat, 21 Nov 2020 18:39:32 GMT )
Ноябр 21, 2020 23:39 Asia/Dushanbe
  • Мушовири Трамп мегӯяд ӯ ба як шарт ҳозир ба пазириши шикаст дар интихоботи сеюми ноябр аст
    Мушовири Трамп мегӯяд ӯ ба як шарт ҳозир ба пазириши шикаст дар интихоботи сеюми ноябр аст

Узви ҳайати мушовирони Доналд Трамп аълом кард ӯ дар сурати эъломи додгоҳи олии федерал шикаст дар интихоботро мепазирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи интернетии Скай Нюз, Габриэл Сома узви ҳайати мушовирони Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи шанбе гуфт: "дар сурате, ки додгоҳи Олии Федерал эълом кунад ҳеч навъ тахаллуфе, ки бар раванди интихобот ва натоиҷи он таъсир бигзорад рух  надодааст, Трамп пирӯзии Ҷо Байден рақиби демократи худро ба расмият хоҳад шинохт"

Ба гуфтаи мушовири раиси ҷумҳурии феълии Амрико  дар сурати эъломи пирӯзии номзади демократ аз ҷониби додгоҳи Олии Федерал, Трамп ба ин тасмим эҳтиром хоҳад гузошт ва раванди таҳвили қудратро ба шакли табиӣ анҷом хоҳад дод.

Раиси Ҷумҳурии Амрико бо вуҷуди пештозии  Ҷо Байден рақиби демократаш дар раъйҳои электрол ва мардумӣ ҳанӯз натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳуриро напазируфта ва мӯътақид аст дар интихоботи сеюми ноябр тақаллуб шудааст.

 

Бештар бихонед: