Ибтилои рӯзонаи 210 ҳазор амрикоӣ ба корона
(last modified Sun, 22 Nov 2020 14:00:01 GMT )
Ноябр 22, 2020 19:00 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои рӯзонаи 210 ҳазор амрикоӣ ба корона
    Ибтилои рӯзонаи 210 ҳазор амрикоӣ ба корона

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аз ибтилои рӯзонаи 210 ҳазор амрикоӣ ба "вируси корона" хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи якшанбе эълом кард бо сабти рӯзонаи беш аз 210 ҳазор мавриди ҷадиди ибтило ба корона дар Амрико, ин кишвар ба унвони аслитарин конуни шуйюи корона  ва рутбаи нахусти сабти рӯзонаи мавориди ибтило ба бемории Ковид-19 дар ҷаҳон эълон шуд.

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, шумори кулли беморони корона дар Амрикоро беш аз 12 миллион нафар ва шумори фавтиҳоро беш аз 261 ҳазор нафар эълом кард,

Мақомоти амрикоӣ, аз афзоиши бесобиқаи сабти рӯзонаи мавориди ҷадиди ибтило ба корона дар Амрико ба шиддат ибрози нигаронӣ кардаанд.

Бар асоси омори мақомоти амрикоӣ, иёлотҳои Техас ва Калифорния бештарин шумори сабти мубталоён ба вируси коронаро гузориш кардаанд.

Амалкарди заифи давлати Трамп, дар муқобила бо вируси корона бо интиқодоти густардае мувоҷеҳ шудааст.

 

Бештар бихонед: