Ноябр 22, 2020 19:57 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши талафоти инфиҷори Афғонистон ба  45 кушта
    Афзоиши талафоти инфиҷори Афғонистон ба 45 кушта

Тозатарин инфиҷор ва даргириҳо дар се остони Афғонистон 45 кушта барҷой гузошт

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати дифои Афғонистон имрӯз эълом кард: 31 узви Толибон дар ҳамалоти пешгиронаи низомиёни афғон дар шаҳристони  Гизоби остони Урузгон кушта ва 23 нафар аз онҳо захмӣ шуданд.

Ҳамчунон Вазорати дифои Афғонистон афзуд: 13 нафар аз аъзои Толибон дар ҳамалоти низомиёни афғон дар се шаҳристони остони Қандаҳор ба ҳалокат расиданд.

Сухангӯи остондории Ҳирот ҳам гуфт: "Бар асари инфиҷори зӯҳри имрӯз дар шаҳристони "Паштун Зарғун" остони Ҳирот як нерӯи хезиши мардумӣ (шибҳи низомиёни тарафдори давлати Афғонистон) кушта шуд ва ду ғайринизомии дигар захмӣ шуданд."

Ин инфиҷор ношӣ аз бомби мағнотисии коргузошташуда дар як дучарха буд.

 

Барчасп