Сафари махфии Натаняҳу ба Арабистони Саудӣ ҳамзамон бо Помпео
Манбаъҳои саҳюнистӣ хабар доданд, ки сарвазири Исроил ва баъзе мақомоти Моссад дар як вақт бо вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео пинҳонӣ ба Арабистони Саудӣ ташриф оварданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, торнамои рӯзномаи саҳюнистии Ҳааретс рӯзи душанбе навишт: «Бинямин Натаняҳу нахуствазири Исроил дар ин сафари махфиёна бо Муҳамад Бин Салмон валиаҳди саудӣ ва Майк Помпео ва вазири умури хориҷаи Амрико дидор кардааст.»
Тибқи иттилои Ҳааретс, Ёсси Коэн, раҳбари Моссади Созмони Иттилоъотӣ ва Амалиёти махсуси Исроил (Моссад) Натаняҳуро дар сафари махфӣ ҳамроҳӣ карда, бо Муҳаммад бин Салмон ва Майк Помпео дар шаҳри Неоми музофоти Табуки Саудӣ мулоқот кардааст.
Ин манбаи саҳюнистӣ афзудааст : «Масири парвози нахуствазири Исроил рӯи торнамоии ҷаҳонӣ « назорати парвозӣ » ( flight-tracking ) , ки тамоми парвозҳоро расад мекунад , сабт шудааст бо ин ҳол дафтари нахуствазирии Исроил аз додани тавзеҳ дар ин замина худдорӣ кардааст.»
Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико дар як сафари давраӣ дар Ховари миёна ҳузур дорад.
Ба назар мерасад ин мулоқот дар чорчӯби талоши давлати Доналд Трамп барои идома ёфтани оддисозии равобит миёни режими саҳюнистӣ ва бархе режимҳои араби минтақа сурат гирифтааст.
Бештар бихонед:
- Тарси Арабистон аз бозгашти Байден ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон
-
Гузориши вижа: Сафари минтақаии Пампео барои машруиятбахшӣ ба режими саҳюнистӣ