Ноябр 28, 2020 18:49 Asia/Dushanbe
  • Помпео гуфтааст, ки Амрико ҳар касеро, ки боиси мушкилот мешавад аз сари роҳ бармедоранд
    Помпео гуфтааст, ки Амрико ҳар касеро, ки боиси мушкилот мешавад аз сари роҳ бармедоранд

Вазири умумри хориҷаи Амрико як рӯз қабл аз террори донишманди ҳастаии Эрон дар як мусоҳиба ба нуктае ишора кард, ки пас аз иқдоми террористии рӯзи ҷумъа беҳтар метавон онро тафсир кард.

Ба  гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои шабакаи хабарии Ал-Олам, Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико дар мусоҳибае, ки чанд соат қабл аз террори шаҳид Муҳсин Фахризода донишманди ҳастаии Эрон анҷом шудааст, таъкид карда буд, ки Амрико ҳар шахсеро ки барояш мушкил эҷод кунад ҳазф хоҳад кард.
 
 Дар бахше аз ин мусоҳиба, ки панҷшанбешаб ба вақти маҳаллӣ бо шабакаи хабарии Фокс Нюз (Fox news) анҷом шуда ва матни он рӯзи ҷумъа дар сайти вазорати хориҷаи Амрико нашр шуд, Помпео дар посух ба саволе дар бораи хориҷ шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мегӯяд  « Мо ҳар замон, ки битавонем  нерӯҳоямонро ба хона бармегардонем ва албатта корҳое, ки лозим бошадро низ анҷом медиҳем. Агар [ шаҳид ] Қосим Сулаймонӣ мушкил бошад, ӯро аз сари роҳамон бармедорем. Агар Ҳамза Бин Лодан хатареро барои мо эҷод кунад, ӯро ҳазф мекунем.»

Вазири умури хориҷаи Амрико худ муддатҳо дар симматҳои иттилоотӣ фаъолият карда ва ҳатто дуруст пеш аз мансуб шудан ба ин симмат, Раиси Созмони Иттилооти Марказии Амрико ( СИЁ ) будааст.
 
Асри рӯзи ҷумъа 27 ноябр доктори Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаии Эрон дар атрофи Теҳрон террор шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп