Даҳҳо куштаву захмӣ бар асари инфиҷори террористӣ дар Ғазнии Афғонистон
Инфиҷори як мошини бомбагузоришуда дар вилояти Ғазнии Афғонистон дастикам 21 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузошт.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, субҳи имрӯз, якшанбе як мошини бомбагузоришуда дар як маркази низомӣ дар минтақаи Қалъаи Ҷавзи шаҳри Ғазнии Афғонистон мунфаҷир шуд, ки бар асари он то лаҳзаи мухобираи хабар дастикам 21 тан кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Бо тавваҷуҳ ба афзоиши шумори захмиҳои ин ҳамлаи террористӣ мумкин аст шумори куштаҳо изофа шавад.
То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар уҳда нагирифтааст.
Аз оғози раванди музокироти сулҳ миёни давлати Ашраф Ғанӣ ва Толибон дар Қатар, ки бо бунбаст мувоҷеҳ шудааст, манотиқи мухталифи Афғонистон аз марокизи омӯзишиву донишгоҳӣ шоҳиди инфиҷорҳои паёпай ва ҳамалоти ракетӣ буда, ки садҳо куштаву захмӣ барҷой гузоштааст.
Бархе аз коршиносони масоили сиёсии минтақа ноамниҳо ва бесуботии Афғонистонро миеоси шум ва дастоварди ҳузури низомии шикастхурдаи 20 солаи Амрико дар Афғонистон медонанд.
Бештар бихонед:
- Гузориши вижа: Музокироти сулҳи Афғонистон дар сояи ихтилофот
- 30 кушта дар инфиҷори террористии Кобул
- 60 куштаву захмӣ дар даргирӣ дар Донишгоҳи Кобул + филм