Июл 24, 2016 18:17 Asia/Dushanbe
  • Даргирии нерӯҳои режими Оли Халифа бо мардуми Яман

Дар маросими ҳамбастагии мардуми Баҳрайн бо раҳбари шиаёни ин кишвар, нерӯҳои Оли Халифа бо мардум даргир шуданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи телевизиони "Алманор"-и Лубнон, мардуми шаҳрҳои мухталифи Баҳрайн барои чандумин бор дар эътироз ба иқдоми золимонаи режими Оли Халифа дар бекор кардани шаҳрвандии шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни ин кишвар ва ҳамбастагӣ бо ин рӯҳонии барҷастаи Баҳрайн тазоҳурот карданд, ки ин тазоҳурот ба даргирӣ бо нерӯҳои амниятии режими Оли Халифа мунҷар шуд.

Дар ин тазоҳурот, ки ба сурати мусолиматомез баргузор мешуд, тазоҳуркунандагон бар ҳаққи худ дар озодии баён ва муқобила бо тасмимоти золимонаи ҳукумат таъкид карданд.

Муътаризони баҳрайнӣ аз ҳукумати Баҳрайн хостанд, аз тасмимоти худ дар бекор кардани шаҳрвандии шайх Исо Қосим мунсариф шавад.

Шаҳрвандони баҳрайнӣ ҳамчунин дар бораи паёмадҳои бархурди хушунатомез бо ин рӯҳонии барҷастаи шиаи Баҳрайн, ба режими Оли Халифа ҳушдор доданд.

Баҳрайниҳо шиорҳое дар ҳамбастагӣ бо шайх Исо Қосим сар дода ва хостори таҳаввулоти демократӣ дар кишвар шуданд.

Рӯзи гузашта низ баҳрайниҳо бо вуҷуди муҳосираи минтақаи Алдароз, ки манзили шайх Исо Қосим дар он ҷо қарор дорад, дар ин минтақа тазоҳуроти густардае баргузор ва монеътарошиҳои ҳукуматро бо баргузории намози ҷумъа ва ҷамоат дар масҷиди Имом Содиқ (а) маҳкум карданд.

Шайх Исо Қосим нақши муҳиме дар идомаи инқилоби мардуми Баҳрайн дорад ва ба ҳамин сабаб режими Оли Халифа аз вай шаҳрвандиро гирифтааст.

 

Барчасп