Декабр 01, 2020 19:11 Asia/Dushanbe
  • Шаш филм ба унвони беҳтарин осор дар ҷашнвораи филми Лоҷварди Афғонистон муаррифӣ шуданд
    Шаш филм ба унвони беҳтарин осор дар ҷашнвораи филми Лоҷварди Афғонистон муаррифӣ шуданд

Нахустин ҷашнвораи миллии филми Афғонистон бо ном “Ҷашнвораи филми Лоҷвард”, ки 21 ноябри 2020 оғоз шуда буд, шомгоҳи душанбеи 30 ноябр бо муаррифии баргузидагон ба кори худ поён дод.

Ба гузориши ИРНА, ин ҷашнвора, ки бо ибтикори Саҳро Каримӣ, раиси “Афғонфилм” кушоиш ёфта буд, бо ҳузури садҳо синамогар, филм‌соз, ҳунарманд, мақомоти давлативу фарҳангии Афғонистон дар Кобул баргузор шуд.

Дар ин ҷашнвора шаш филм дар бахшҳои достонии баланду кӯтоҳ, мустанади баланду кӯтоҳ, мустанади телевизионӣ ва анимейшен унвони беҳтарин асарҳои синамоии Афғонистонро касб карданд.

Филми баланди достонии “Себе аз биҳишт”, мустанади баланди “Мурғи тӯфон”, мустанади телевизионии “Қандаҳор”, мустанади кӯтоҳи “Шехак”, филми кӯтоҳи “Ҳабиба” ва пӯёнамои (анимейшен) –и “Наворҳо” ба унвони беҳтаринҳои синамоӣ дар ҷашнвораи филми Лоҷвард баргузида шуданд.

Дар ин ҷашнвора 55 филми синамоӣ, мустанад ва достонӣ барои касби ҷоизаи беҳтарин асари синамоӣ рақобат карданд.

Ҳамчунин 14 синамогару филмсози афғонистонӣ дар бахшҳои коргардонӣ, таҳия‌кунандагӣ, филм‌нома‌нависӣ, филм‌бардорӣ, тарроҳии саҳна, либосу чеҳра ва бозигарии мард, зан ва кӯдак дар ин ҷашнвора бо дарёфти лавҳаҳои Лоҷварди заррин мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп