Азсаргирии фаъолияти идораи мусиқӣ ва Афғонфилм дар Афғонистон
Идораи мусиқӣ ва Афғонфилм фаъолияти худро аз сар мегиранд .
Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-муовини сарпарасти вазорати иттилооту фарҳанги Толибон мегуяд : Идораи мусиқӣ ва Афғонфилм ба зӯдӣ фаъолияти худро оғоз мекунанд .
Ба гуфтаи ӯ барои ин ду идора раис таъйин шудааст .
Муҷоҳид, ки сухангӯи Толибон низ аст гуфт : « Дар бахши мусиқӣ мумкин аст бахши таронаҳо фаъол шавад ва дар бахши Афғонфилм мо тарҳҳое барои тавлид дорем .
Муҷоҳид дар бораи шароите тавлиди ва пахши таронаҳо тавзеҳ надодааст .
Ин дар ҳоле аст, ки Толибон бо мусиқӣ миёнаи хубе надоранд ва ахиран шунидани мусиқиро ҳаром эълом кардаанд .
Дар ҳоли ҳозир аз ҳеҷ телевизиюне мусиқӣ пахш намешавад .
Ҳамчунин пас аз суқӯти давлати пешин ҳунармандон ин кишварро тарк кардаанд .