Даромади даҳҳо миллиондолларии Трамп аз иддаои тақаллуб дар интихобот
Расонаҳои ғарбӣ эълом кардаанд, ки Трамп аз замони баргузории интихобот токунун тавонист бо иддаои тақаллуб миллионҳо доллар аз тарафдоронаш ба даст орад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шуморе аз расонаҳои амрикоӣ аз ҷумла, CNN ва Ню-Йорк Таймс дар гузорише эълом карданд Доналд Трамп аз замони баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико ва бо иддаоии тақаллуб, тавониста 170 миллион доллар аз ҳаводоронаш ҷамъоварӣ кунад.
Шабакаи хабарии Си Эн Эн ба нақл аз як манбаи огоҳ эълом кард ин кумакҳо ба сандуқи комитети ҷамъоварии кӯмакҳои муштараки Трамп вориз мешавад.
Дар ҳамин ҳол Берни Сандерз, сенатори демократи иёлати Вермонт Vermont дар паёме дар Твиттер бо интиқод аз бетаваҷҷӯҳии Трамп ба густариши вируси корона дар Амрико, дар Твиттер навишт: «Ҳамагирӣ дар ҳоли густариш буда ва дар моҳҳои отӣ бадтар хоҳад шуд, аммо дар ҳамин замон, Трамп даҳҳо миллион ( доллар ) барои заъиф кардани демократия ҷамъоварӣ карда ва ба тарафдоронаш мегӯяд ,ки интихобот мутаққаллибона будааст. Ин хатарноктарин раиси ҷумҳурии торих аст.»
Тими интихоботии Трамп шикоятҳои ҳуқуқӣ дар мавриди тақаллуб дар интихоботро пайгирӣ мекунад, аммо токунун ҳеч як аз ин шикоятҳо дар додгоҳҳои иёлатии Амрико пазируфта нашудааст.
Бештар бихонед: