Байден: Кӯмак дар роҳ аст
(last modified Wed, 02 Dec 2020 09:28:50 GMT )
Декабр 02, 2020 14:28 Asia/Dushanbe
  • Ҷо Байден дар бораи беҳтар шудани авзоъ ба мардуми Амрико умедворӣ дод
    Ҷо Байден дар бораи беҳтар шудани авзоъ ба мардуми Амрико умедворӣ дод

Раиси Ҷумҳурии мунтахаби Амрико Ҷо Байден бо муаррифии аъзои тими иқтисодии худ ба мардуми Амрико ин итминонро дод, ки шароити душвор поён меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии  Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ҳамзамон бо ногувортар шудани авзоъи корона дар Амрико,  Ҷо Байден тими иқтисодии худро муаррифӣ кард.
 
Байден ҳангоми муаррифии номзадҳои тими иқтисодии худ ба амрикоиҳо гуфт: « Медонам ки шароити сахте аст, аммо мехоҳам бидонед, ки кӯмак дар роҳ аст.»

 

Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико афзуд: «Номзадҳои муаррифишуда барои эҳёии иқтисоди кишвар сариъ иқдом хоҳанд кард ва аз аъзои конгресс хостаам, ки дар мавриди бастаи кумак барои муқобила бо вируси коронаи иқдом кунанд.»

 

Байден гуфт: «Бояд фавран ба мушкилоти миллионҳо амрикоӣ, ки шуғли худро аз даст дода ва маҷбур ба дархости дарёфти мазоёӣ бекорӣ шудаанд, расидагӣ кард.»

Корона дар Амрико
 

 Бо гузашти тақрибан як сол аз вуруди вируси корона ба Амрико то кунун шумори ниҳоии беморони Ковид- 19 дар ин кишвар ба беш аз 14 миллион ва шумори ҷонбохтагон низ ба беш аз 276 ҳазор нафар расидааст.
 
 Дар ҳоли ҳозир бештари иёлатҳои Амрико барои муқобила бо густариши вируси коронаи маҳдудиятҳои тозае вазъ кардаанд.

 

Бештар бихонед: