Декабр 03, 2020 12:13 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқномаи Русия ва Туркия
    Тавофуқномаи Русия ва Туркия

Бо вуҷуди бархе вокунишҳои манфӣ ба таъсиси маркази муштараки низомии Русия ва Туркия дар минтақаи Қарабоғ, вазорати дифои Туркия бо интишори баёнияе, аз имзои тавофуқнома бо Маскав барои эҷоди ин марказ ба манзури кантрол бар оташбас дар ин минтақа хабар дод.

Бинобар эъломи вазорати дифои Туркия, бо тавофуқи мақомҳои Маскаву Анкара дар хусӯси мабонӣ ва усӯли фаъолияти маркази муштараки русӣ-туркӣ барои кантроли оташбас дармантақаи Қарабоғ, тамомии иқдомоти лозим барои шурӯи кори ин маркази муштарак дар ҳоли анҷом аст.

Вазорати дифои Туркия дар ҳоле аз имзои тавофуқнома бо Русия хабар додааст, ки пеш аз ин давлати Русия, борҳо тасреҳ кардааст, ки танҳо нерӯҳои сулҳбони русӣ дар минтақаи Қарабоғ мустақар хоҳанд шуд.

Илова бар ин, дар мафоди тавофуқномаи 10 модаии нуҳуми ноябр миёни ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон бо миёнҷигарии Русия, дар иртибот бо ҳузури низомии Туркия дар минтақаи Қарабоғ муҷаввизе содир нашудааст.

Бо тавваҷуҳ ба ин воқеъиятҳо, чунин ба назар мерасад мақомҳои баландпояи Туркия, ки дар ҷараёни тавофуқномаи ахир имтиёзи бузурге аз ҷумҳурии Озарбойҷон дарёфт кардаанд, каме бо ифрот изҳори назар мекунанд.

Ҳамин мавзӯи истиқрори нерӯҳои низомии Туркия дар минтақаи Қарабоғ яке аз ин мавзӯот талаққӣ мешавад.

Дар ин замина нуктаи қобили тааммул ин аст, ки пеш аз ин, вазорати дифои Туркия дар баёнияи дигаре, эълом карда буд: “нерӯҳои артиши Туркия ба манзури поксозӣ ва хунсосозии маводи мунфаҷираи дастсоз дар минтақаи Қарабоғ, дар ин минтақа мустақар шуданд ва амалиёти поксозиро оғоз кардаанд, зимни он ки артиши Туркия қасд дорад ба низомиёни ҷумҳурии Озарбойҷон дар заминаи миназудоӣ омӯзиш диҳанд”.

Бояд гуфт, ҳузури теъдоди андаке аз низомиёни Туркия ба манзури хунсосозии арозии бозпас гирифта шудаи ҷумҳурии Озарбойҷон аз мина ва омӯзиши нерӯҳои озарӣ дар ин замина бо тавофуқ бо Русия барои ҳузури низомӣ дар минтақаи Қарабоғ тафовути зиёде дорад.

Аммо мақомҳои Анкара, ки таҷрибаи шикаст дар дигар манотиқи ҷаҳонро доранд, аз ин ҳузур бисёр хурсанд ҳастанд ва зимни бузургнамоӣ, талош мекунанд дар афкори умумии Туркия ин мавзӯотро бисёр бузургтар аз андозаи воқеӣ нишон диҳанд.

Алалхусӯс, ки давлати Эрдуғон дар соли 2023 бори дигар ба орои умумии мардуми Туркия ниёз дорад ва бузургнамоии ин мавзӯот ба ҳизби ҳокими Туркия барои шикасти соири рақибони ҳизбӣ кумаки шоёне хоҳад кард.

Ин воқеъиятро набояд нодида гирифт, ки қонӯни асосии ҷумҳурии Озарбойҷон ҳузури низомии кишварҳои дигар дар арозии ин кишварро мамнӯъ кардааст.

Бо вуҷӯди он ки тағйир ва ё анҷоми ислоҳот дар қонуни асосии ҷумҳуриҳои мустақил шуда аз Шуравӣ, аз ҷумла ҷумҳурии Озарбойҷон чандон сахту ғайримумкин нест, аммо баъид ба назар мерасад давлати Илҳом Алиев дар шароити феълӣ ба истиқрори нерӯҳои хориҷӣ дар арозии ин кишвар тамоюле дошта бошад.

Бавижа он ки ҳузури низомии Туркия дар ҷумҳурии Озарбойҷон нафъе барои давлати Бокӯ надорад ва дар оянда низ ба зиёни ин кишвар хоҳад буд.

Дар ҳамин иртибот, Онор Муҳаммадалӣ, коршинос ва соҳибназари умӯри сиёсӣ ва устоди донишгоҳҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ахиран дар гуфтугӯ бо шабакаи"Усмон қизӣ тв"-и Туркия, гуфтааст:"манофеи миллии ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин аст, ки ҳеч кишваре, аз ҷумла Туркия дар ҷумҳурии Озарбойҷон нерӯи низомӣ мустақар накунанд".

Тардиде нест, ки ҳимоятҳои Туркия аз ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷараёни муноқишаи ахири ин кишвар бо Арманистон бар сари моликияти минтақаи Қарабоғ, заминаҳои ҳамкориҳои ду кишварро беш аз пеш фароҳам кардааст. Ин воқеъиятро набояд нодида гирифт, ки Туркия беш аз он ки дар пайи манофеи ҷумҳурии Озарбойҷон бошад, дар наздик ба се даҳаи гузашта ҳамвора дар пайи касби манофеъи худ будааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп