Декабр 04, 2020 19:06 Asia/Dushanbe
  • Ҷо Байден гуфт, террори Муҳсини Фахризода кори давлати ӯро дар таомул бо Эрон сахттар кард
    Ҷо Байден гуфт, террори Муҳсини Фахризода кори давлати ӯро дар таомул бо Эрон сахттар кард

Раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико дар аввалин вокуниши худ ба террори донишманди ҳастаии Эрон, ин террорро заминасози печидатар шудани таомулоти давлати худ бо Теҳрон донист.

Ҷо Байден дар мусоҳиба бо шабакаи Си Эн Эн гуфт: “Бароям сахт аст, ки бигӯям ин террор то чӣ андоза таомулоти ман бо Теҳронро печида хоҳад кард”.

Байден дар идома бо таъкид бар иштибоҳ будани сиёсатҳои Доналд Трамп алайҳи Эрон гуфт, ин сиёсатҳо муҷиби тақвияти донишу тавони ҳастаии Эрон шудааст.

 

 

Дар давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп Амрико аз бисёре аз созмонҳову паймонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд, аммо Байден дар муборизоти интихоботии худ ваъдаи бозгашт ба ин созмонҳову паймонҳоро додааст.

  • Аносури террористии мусаллаҳ рӯзи ҷумъаи 27 ноябр Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаӣ ва муовини пажӯҳиш ва навоварии вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эронро террор карданд.

Бисёре аз кишварҳо, шахсиятҳои сиёсӣ ва коршиносон дар ҷаҳон билофосила пас аз ин ҳамлаи террористӣ ангушти иттиҳомро ба сӯи Амрикову Исроил нишон гирифтанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп