Декабр 04, 2020 20:23 Asia/Dushanbe
  • Созмони Ҳамкории Шанхай террори донишманди ҳастаии Эронро иқдоме зишт хонд
    Созмони Ҳамкории Шанхай террори донишманди ҳастаии Эронро иқдоме зишт хонд

Созмони Ҳамкории Шанхай террори шаҳид Муҳсини Фахризода, донишманди санъати дифоӣ ва ҳастаии Эронро иқдоме зишт хонд ва онро маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНА, Созмони Ҳамкории Шанхай дар баёнияе террори донишманди эрониро маҳкум кард ва ба давлати Ҷумҳурии исломии Эрон ва хонаводаи шаҳид Муҳсини Фахризода таслият гуфт.

Дар баёнияи ин созмон омадааст: “Созмони Ҳамкории Шанхай ба шиддати тамом иқдомҳои бесуботкунандаи сулҳ дар минтақа ва ҳамчунин тероризмро ба ҳар шакле маҳкум мекунад”.

Баёнияи Созмони Ҳамкории Шанхай меафзояд: “Чунин иқдомҳое на танҳо хилофи тамоми ҳанҷорҳои равобити байнидавлатӣ ва қавонини байналмилалӣ аст, балки сулҳу суботро дар як минтақаи шикананда таҳдид мекунад”.

  • Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчунин аз ҳамаи тарафҳо хост то хештандории ҳаддиаксариро пеша кунанд ва ба иқдомоте, ки метавонад мунҷар ба таниши бештар дар минтақа шавад, даст назананд.

Вносури террористии мусаллаҳ рӯзи ҷумъаи 27 ноябри 2020 Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаӣ ва муовини пажӯҳишу навоварии вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эронро террор карданд.

 

Бештар бихонед: