Декабр 06, 2020 13:26 Asia/Dushanbe

Оташсӯзӣ дар бинои калисои таърихӣ «Middle Collegiate»-и Ню-Йорк ин килисоро вайрон кард.

Ба гузориши ИРНА, бинои ин калисо дар соли 1892 сохта шуда буд ва қадимитарин калисои шимоли Амрико ба шумор меомад.

Ҳудуди 200 оташнишон барои маҳори ин оташсӯзӣ эъзом шуда буданд, ки 4 нафари онҳо дар ин амалиёт осеб диданд.

Бурҷи “Collegiate” маҳали қароргири «занги озодӣ»-и Ню-Йорк буд, ки дар соли 1776 ҳамзамон бо истиқлоли Амрико навохта шуда буд.

Калисои таърихии Ню-Йорк дар оташ сӯхт
Калисои таърихии Ню-Йорк дар оташ сӯхт

Бинобар эъломи калисо, ин занг ҳамзамон бо маросими таҳлиф ё марги раисони ҷумҳурии Амрико ё ҳаводиси муҳими Ню-Йорк ҳамчун маросими солгарди ҳамалоти ёздаҳи сентябр ба садо дармеомад.

 

Барчасп