Михаил Горбачёв ин рӯзҳо чӣ мекунад?
Як рӯзномаи русӣ дар гузорише навишт, Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Шуравии собиқ дар солҳои пириаш танҳо монда ва дар роҳ рафтан нотавон шудааст.
Ба гузориши Ал Олам, рӯзномаи русии "Московский Комсомолитс"навиштааст, наздикону хешовандони Горбачёв аз ҷумла ду набераи духтариаш дигар ба дидораш намеоянд ва ӯ танҳо монда ва муовинаш танҳо касе аст, ки ин рӯзҳо ба ӯ расидагӣ мекунад.
Барои Горбачёв баланд шудан сахт шудааст ва ӯ бо як василаи кумакӣ роҳ меравад.
Ин рӯзнома навишт, Горбачёв дар атрофи Маскав дар хонаи давлатӣ зиндагӣ мекунад, ки давраш деворҳои баланд бо симҳои хордор ва муҷаҳҳаз ба дурбинҳои мадорбаста вуҷӯд дорад.
Охрин раҳбари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ дар солҳои пас аз фурӯпошии Шуравӣ аз тариқи суханронӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон зиндагии худро мегузаронад ва бештарин дастмуздаш ҳудӯди 400 ҳазор доллар будааст.
Дар октябри гузашта Горбачёв ба имкони бозгашти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ, ишора ва дар айни ҳол таъкид кард, ин раванд муддат замони бисёр зиёде ниёз хоҳад дошт.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Ҳушдори Горбачёв дар бораи мудохилаи хориҷӣ байни Боку ва Ереван
- Хотираи ҷолиби хабарнигори эронӣ аз мусоҳиба бо Горбачёв