Трамп ва Горбачёв; Оё таърих барои Амрико такрор мешавад?
-
Трамп ва Горбачёв; Оё таърих барои Амрико такрор мешавад?
Порс-Тудей. Ҳафтаномаи амрикоии “Нюз Вик” дар гузорише ба рӯйкардҳои хоси Доналди Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар сиёсати хориҷӣ пардохт.
Ҳафтаномаи амрикоии “Нюз Вик” рӯзи сешанбе дар гузорише ба намунаҳое аз бидъатҳое, ки Трамп дар сиёсати хориҷии Амрико эҷод карда, ишора карду навишт: Ӯ дар сад рӯзи нахусти раёсати ҷумҳурии худ аз ҳар фурсате барои тағйир дар равобити Амрико бо соири нуқоти ҷаҳон истифода кардааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар гузориши Ҳафтаномаи амрикоии “Нюз Вик” гуфта шудааст: Трамп борҳо Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (Нато)-ро ба сӯиистифодаи молӣ аз Иёлоти Муттаҳида муттаҳам ва аз мизони пуле, ки Иёлоти Муттаҳида барои ҷанг дар Украина ҳазина мекунад, интиқод кардааст.
Ин гузориш меафзояд: Ин интиқод дар моҳи феврал ба мушоҷираи лафзии шадиде бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина мунҷар шуд, ки тайи он Трамп Зеленскийро ба «қимор барои роҳандозии ҷанги ҷаҳонии сеюм» муттаҳам ва ба ӯ ёдоварӣ кард, ки дар муқобили кумакҳои Амрико ба кишвараш «сипосгузор» нест.
Дар идомаи ин гузориш омадааст: Аз сӯе давлати Трамп дар ҳоле музокироти сулҳ бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро пазируфтааст, ки ҷанги таърифаии сахтеро алайҳи муттаҳиди деринаи худ Канада, ҳамзамон бо дигар кишварҳои ҷаҳон дар пеши гирифта ва ҳамвора бар лузуми пайвастани Канада ба Иёлоти Муттаҳида ба унвони панҷоҳуякумин иёлат таъкид мекунад.
Ҳафтаномаи амрикоии “Нюз Вик” дар поёни ин гузориш ба нақл аз Бери Скотт, муҳаққиқу мутахассис дар геополитика ва равобити байналмилал дар Донишгоҳи Коннектикут навишт: «Ин муддат аз раёсати ҷумҳурии Трамп баъд аз Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ, ки ба авҷи низоми шӯравӣ расид, яке аз ҳаяҷонангезтарин шуруъҳо барои як давраи ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ аст, аммо хатароте ки Горбачёв дар ниҳоят мутаҳаммил шуд, боис шуд низоми шӯравӣ на танҳо ислоҳ нашавад, балки ба фурӯпошӣ бирасад. Оё мо дар Амрико низ шоҳиди чунин чизе хоҳем буд?».