Декабр 07, 2020 13:02 Asia/Dushanbe

Фаронса дар давраи зимомдории Эммануэл Макрон шоҳиди анвои эътирозот ба сиёсатҳо ва иқдомоти давлати вай будааст. Пас аз Ҷумбиши ҷилиқазардҳо, ки дар мухолифат бо сиёсатҳои иқтисодии Макрон шакл гирифт, акнӯн бо талоши давлати Фаронса барои эҷоди маҳдудият дар озодии расонаҳо, ин кишвар шоҳиди эътирозоти густардае аст.

Тасвиби лоиҳаи ҷанҷолии мавсӯм ба "қонӯни амнияти ҷомеъ" дар Фаронса бавижа модаи 24 он, мавҷи ҷадиде аз эътирозотро дар 70 шаҳри ин кишвар, аз ҷумла дар Порис дар пай доштааст. Мардуми Фаронса бо барпоии тазоҳурот ва сар додани шиъорҳое, бо ин лоиҳа мухолифат карданд. Тасвиби чунин лоиҳае мабни бар мамнуияти аксбардорӣ ва филмбардорӣ аз нерӯҳои пулис дар ҳини анҷоми вазифа, пеш аз ин низ мавҷе аз эътирозоти густардаи мардумӣ ва гурӯҳҳои маданиро дар Фаронса ба ҳамроҳ доштааст.

Лоиҳаи ҷанҷолии «қонӯни амнияти ҷомеъ» ахиран дар маҷмаи миллии Фаронса ба тасвиб расид. Ин лоиҳа, интишори тасовири нерӯҳои пулис ҳини анҷоми вазифаро ҷурм дониста ва барои он ҷаримаи нақдӣ ва муҷозоти зиндон дар назар гирифтааст. Тибқи модаи 24 ин лоиҳа, пахши тасовири афсарони пулис ва жондорм‌ҳо, як сол ҳабс ва 45 ҳазор евро ҷаримаи нақдӣ хоҳад дошт. Ин лоиҳа, ки дар интизори тасвиби ниҳоӣ аз сӯи Сенати Фаронса буд, ба далели эътирозоти густарда аз сӯи мардум лағв шуд, аммо қонӯнгузорони ин кишвар эълом карданд пас аз анҷоми бархе тағйирот, ду бора онро матраҳ хоҳанд кард.

Мухолифони ин лоиҳа муътақиданд"қонӯни амнияти ҷомеъ" озодии расонаҳоро маҳдӯд мекунад. Гурӯҳҳои маданӣ ва асҳоби расонаҳо низ нигарон ҳастанд, ки ин иқдом монеи озодии матбуот шавад ва иҷоза надиҳад хушунати пулис бармало шавад. Чанде пеш видеое дар шабакаҳои иҷтимоии Фаронса мунташир шуд, ки дар он пулиси Порис, як шаҳрванди сиёҳпӯстро мавриди лату куб қарор медод.

Дар сӯрати тасвиби ниҳоии лоиҳаи"қонӯни амнияти ҷомеъ", амалан пулиси Фаронса аз озодии амали бесобиқае дар бархӯрд бо муътаризон ва мухолифон бавижа дар ҷараёни барпоии тазоҳурот ва таҷаммуоти маданӣ бархӯрдор хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки собиқаи наҳваи бархӯрди пулис ва нерӯҳои амниятӣ бо муътаризон дар Фаронса ва дар ҷараёни Ҷумбиши ҷалиқазардҳо, нишонгари эъмоли хушунати зиёд алайҳи тазоҳуркунандагон будааст. Дар ҷараёни ин ҷумбиш, ки аз ноябри 2018 оғоз шуд, ҳаддиақал 10 нафар кушта ва ҳазорон нафар маҷрӯҳ шуданд, ки бархе аз онҳо ба далели истифодаи пулис ва нерӯҳои зиддишӯриш аз силоҳҳои махсӯс , биноии худро аз даст доданд. Акнӯн ин нигаронӣ вуҷӯд дорад, ки бо мамнуияти тасвирбардорӣ аз нерӯҳои пулис бавижа ҳангоми бархӯрди онҳо бо муътаризон, бар мизони хушунати пулис ба наҳви қобили таваҷҷӯҳе афзӯда шавад.

Коршносони Созмони Милали Муттаҳид дар 3 декабр дар гузорише эълом карданд, лоиҳаи "қонӯни амнияти ҷомеъ"-и Фаронса дар сӯрати тасвиб, муғойир бо қавонини байналмилалии ҳуқуқи башар буда ва бояд ба таври ҷомеъ дар он таҷдиди назар шавад.

Дар воқеъ ироаи ин лоиҳа аз сӯи давлати Фаронса ва тасвиби аввалияи он дар маҷмаи миллии ин кишвар нишондиҳандаи беэътиноии давлати Макрон ба ҳуқуқу озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ аст. Ин дар ҳоле аст, ки Фаронса борҳо аз вазъияти ҳуқуқи башар дар дигар кишварҳо бавижа кишварҳои мухолифи султаи Ғарб интиқод кардааст. Акнӯн лабаи тези интиқодҳо мутаваҷҷеҳи давлати Макрон шуда, ки мавориди бисёре аз нақзи ҳуқуқи башарро бавижаи алайҳи мусулмонони ин кишвар дар корномаи худ дорад.

Adrien Quatennens аз Ҳизби "Фаронса таслимнопазир" мегӯяд, ин қонӯн мояи нанги Фаронса аст. Ин қонӯн мӯҷиб шудааст, Фаронса дар абъоди байналмилалӣ ангуштнамо шавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп