Декабр 08, 2020 09:55 Asia/Dushanbe
  • Чомский: Давлати Эрон ба дастуроти Иёлоти Муттаҳида итоат намекунад
    Чомский: Давлати Эрон ба дастуроти Иёлоти Муттаҳида итоат намекунад

Назариётшиноси амрикоӣ Навом Чомский гуфт, ки таҳримҳо алайҳи Эрон ҳеҷ машруъияте надоранд ва ба унвони василае барои шиканҷа ва ваҳшати мардум ба кор мераванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, назариётшинос Чомский, мунтақиду ҷомеашиноси бузурги амрикоӣ дар донишгоҳи Ҳабиби Покистон гуфт: мардуми Эрон маҷбуранд аз ин таҳримҳо ранҷ бибаранд, зеро давлати Эрон аз дастуроти Иёлоти Муттаҳида итоат намекунад.

Чомский дар идома афзуд: сервиси иттилооти Амрико ба мо итилоъ медиҳад, ки вазъияти стратегии Эрон, дифоӣ асту ҳатто агар силоҳи ҳастаӣ вуҷуд дошта бошад, ин бахше аз стратегияи боздорандагӣ аст.

Чомский ҳамчунин дар мавриди эҳтимоли вуқӯъи ҷанг дар минтақа гуфт: давлати Трамп дар вазъияте қарор дорад, ки моил аст тақрибан ҳар коре анҷом диҳад.

Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп ду соли пеш ба сурати якҷониба ва ғайриқонунӣ кишварашро аз Барҷом хориҷ кард ва таҳримҳои рафъшуда ба воситаи ин тавофуқро алайҳи миллати Эрон бозгардонд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп