Рақобатҳои Чин ва Амрико дар фазо
(last modified Tue, 08 Dec 2020 07:46:23 GMT )
Декабр 08, 2020 12:46 Asia/Dushanbe
  • Рақобатҳои Чин ва Амрико дар фазо
    Рақобатҳои Чин ва Амрико дар фазо

Созмони миллии фазоии Чин(CNSA) рӯзи 6 декабр аз партоби муваффақиятомези як моҳвораи ҷадиди расади заминӣ хабар дод. Чанд рӯз қаблтар ҳам чиниҳо бо партоби фазопаймои бидуни сарнишини «Chang-5» парчами худро рӯи кураи моҳ насб карда буданд. Ковушгари «Chang-5», яке аз печидатарин ва чолишбарангезтарин маъмуриятҳои таърихи ҳаво-фазоии Чин ҳамчунин аввалин маъмурияти намунаи моҳ дар ҷаҳон тайи беш аз 40 сол аст.

Афзун бар ин чиниҳо чанд моҳ қабл ҳам шабакаи ҷаҳонии новбарӣ ва мавқеъиятёбии «Beido» сохти Чинро дар маросиме бо ҳузури Си Ҷин Пин, раисиҷумҳури Чин роҳандозӣ карданд.

Албатта муваффақиятҳои Пекин дар арсаи фазо маҳдӯд ба ин чанд хабар нест ва ҳаррӯз хабарҳои ҷадиде аз фаъолиятҳои фазоии Чин дар расонаҳо мунташир мешавад. Аммо нуктаи муҳим инки фаъолиятҳои фазоии Чин бо нохурсандии давлатмардони амрикоӣ рӯбарӯ шудааст, он ҳам дар шароите, ки Вашингтон аз солҳо пеш тавсеъаи барномаҳои фазоии худро оғоз кардааст. Дар бораи илали нохурсандии давлатмардони Амрико аз фаъолиятҳои фазоии Чин метавон ба чанд нукта ишора кард:

Аввалин нукта инки натоиҷи баррасии нерӯҳои ҳавоии артиши Амрико нишон медиҳад, ки Чину Амрико ба шиддати нигарони тасхири фазо тавассути тарафи муқобил ҳастанд. Бар асоси ин баррасӣ, Амрико таслеҳоти зиддимоҳвораи Чинро таҳдиди билқувва барои амнияти миллии худ медонад ва бим дорад, ки мақомоти Пекин аз қудрати нарм ва дипломасии худ барои иттиҳод бо бегонагони фазоӣ ва тасаллут бар фазо баҳра бигиранд. Афзӯн бар ин, баррасиҳои нерӯҳои ҳавоии артиши Амрико нишон медиҳад, ки рақобати фазоии Чину Амрико тайи солҳои оянда ташдид хоҳад шуд ва умқи бештаре хоҳад ёфт.

Нуктаи дувум инки амрикоиҳо  Чинро рақибии низомӣ дар фазо медонанд, ки пешрафти барномаҳои фазоии он, метавонад чолишҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ барои Кохи Сафед ба вуҷӯд оварад. Дар ин замина раиси пешини Маҷлиси намояндагони Амрико рақобати фазоӣ бо Чинро аз муҳимтарин чолишҳои қудратҳои ҷаҳонӣ баршумурд ва афзуд, ки таҳдиди фазоии Чин воқеӣ аст:«Пекин ба суръат дар ҳоли афзоиши қобилиятҳои фазоии худ аст ва таҳдиди фазоии Чин як воқеъият аст».

Нуктаи баъдӣ инки вазорати дифои Амрико дар июни 2020 санаде таҳти унвони «хулосаи роҳбурди дифои фазоии Амрико» мунташир намуда, ки дар он, фазоро як ҳавзаи ҷангии ҷадид ва мутафовит эълом мекунад, ҳавзае ниёзманди роҳбурди ҷадид дар ҷиҳати рақобат, боздорандагӣ ва пирӯзӣ бар қудратҳои ҷаҳонӣ, ки наҳваи иртиқои қудрати фазоии Амрикоро мушаххас кунад. Дар ин санад аз Чину Русия бо лиҳози имкони ҳамалоти фазоӣ ва табдили фазо ба арсаи таслеҳотӣ, ба унвони бузургтарин таҳдидкунандагони амнияти фазоии Амрико, ном бурда шудааст. Ироаи чунин гузориш дар шароите аст, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико 18 июни 2018 ба Пентагон дастури ташкили нерӯи фазоӣ ба унвони яке аз шохаҳои нерӯи мусаллаҳи Амрикоро дода буд. Дар воқеъ нерӯи фазоии Амрико дар канори артиш, нерӯи ҳавоӣ, нерӯи дарёӣ, туфангдорони дарёӣ ва горди соҳилӣ, шашумин шохаи нерӯҳои мусаллаҳи Амрико маҳсӯб мешавад.

Нуктаи чаҳорум инки Чин талоши Амрико барои табйини докторинаи низомӣ, роҳандозии бозиҳои ҷангӣ дар фазо ва таъсиси нерӯи фазоиро иқдоме шарурона барои тасаллут бар фазо ва маҳдӯд кардани дастрасии Чин тасаввур мекунад. Чин ҳамчунин ҷанбаҳои низомии фаъолиятҳои фазоии худро бисёр маҳдуд медонад. Бинобар ин метавон тасаввур кард, ки хусӯматҳои фазоии ду кишвар дар оянда ташдид шавад.

Аммо ин пурсиш ҳамчунон матраҳ аст, ки чаро дастовардҳои ҷадиди фазоии Чин ба дилмашғўлии мақомоти Кохи Сафед табдил шудааст? Аз манзари коршиносони ончӣ муҳим аст, инки дар тӯли Ҷанги сард, чашми Амрико ба мӯшакҳо ва моҳвораҳои Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ дӯхта шуда буд, аммо дар солҳои ахир, ин барномаи фазоии Чин будааст, ки беш аз пеш Амрикоро нигарон кардааст.

Тад Ҳаррисон, мутахассиси барномаҳои фазоӣ-низомӣ дар Маркази мутолиоти стротежик ва байналмилалӣ дар Вашингтон дар ин бора мегӯяд: «агар Чин ба талоши худ дар ин масир идома диҳад ба суръат тавоноиҳои дигар кишварҳои матраҳ дар технологияҳои фазоиро таҳти шуъоъ қарор хоҳад дод.»

Дар маҷмӯъ бояд гуфт, агар чӣ Трамп дар чаҳор соли гузашта талош кард бо маҷмӯаи сиёсатҳои мудохилагароёнаи худ, яъне аз ҷанги иқтисодӣ гирифта то масоили амниятӣ, аз нуфӯзу густариши ҳамаҷонибаи Чин дар ҳавзаҳои мухталиф ҷилавгирӣ намояд, аммо ончӣ акнӯн шоҳиди он ҳастем, зимни инки сиёсатҳои Трамп дар маҳори Чин ҷавоб надодааст, балки ҳавзаи фазоӣ ҳам ба арсаи ҷадиди рақобатҳои ҷаҳонии ду кишвар табдил шудааст. Агарчӣ Амрико бо густариши барномаи низомигарии худ дар фазо ба дунболи маҳдӯд кардани дигар рақибони худ аст, аммо дур аз интизор нест, ки қудратҳои бузурги дигар низ ҳамчун Чин ва Русия барои ҳифзи тавони рақобати роҳбурдӣ бо Вашингтон дар фазо, гомҳои муассиртареро барои шикастани ин инҳисор дар пеш гиранд, нуктае дар гузориши роҳбурдии Пентагон низ аз он ба унвони бузургтарин таҳдидкунандагони амнияти фазоии Амрико, ном бурда шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: