Тестҳои дурӯғини корона  - дарди сари нави давлати Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i59731-Тестҳои_дурӯғини_корона_дарди_сари_нави_давлати_Афғонистон
Натиҷаҳои дурӯғини озмоиши корона ба дарди сари тозае барои давлати Афғонистон табдил шудааст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 08, 2020 17:53 Asia/Dushanbe

Натиҷаҳои дурӯғини озмоиши корона ба дарди сари тозае барои давлати Афғонистон табдил шудааст.

Дафтари матбуотии муовинати аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи сешанбе эълом кард: “Дурӯғин будани натиҷаи тестҳои корона дар Афғонистон боиси лағв ё маҳдуд шудани теъдоде аз парвозҳои хориҷӣ шудаву аз сӯи дигар зарбаи бузург бар иқтисоди кишвар ворид кардааст”.