Декабр 08, 2020 20:11 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Венесуэла гуфт, соли оянда барои дидор бо Путин ба Русия меравад
    Раиси ҷумҳурии Венесуэла гуфт, соли оянда барои дидор бо Путин ба Русия меравад

Раиси ҷумҳурии Венесуэла аз густариши муносиботи кишвараш бо Русия истиқбол кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Николас Мадуро, раиси ҷумҳурии Венесуэла ҳамчунин гуфт, соли оянда барои дидор бо Владимир Путин ба Русия сафар хоҳад кард.

Мадуро афзуд: «Ба зудӣ ҳайате порлумонӣ аз Венесуэла озими Маскав хоҳад шуд».

Вай ҳамчунин дар дидор бо ҳайати нозирони рус аз Путин ба сабаби фиристодани нозирони интихоботии Русия барои назорат бар интихоботи порлумонии Венесуэла ташаккур кард.

Натоиҷи интихоботи порлумонии Венесуэла, ки рӯзи 6 декабр баргузор шуд, баёнгари он аст, ки ҳизби ҳомии раиси ҷумҳурии ин кишвар ба номи Ҳизби сотсиалисти муттаҳиди Венесуэла ва чанд ҳизби муттаҳиди Никулас Мадуро муваффақ ба касби 67 дарсад аз курсиҳои порлумонӣ шуданд.

Нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Эрон, Русия ва Туркия бар интихоботи порлумонии Венесуэла назорат карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп