Пешниҳоди Имрон Xон барои қатъи равобити ҷаҳони ислом бо Фаронса
-
Сарвазири Покистон пешниҳод мекунад, ки робитаҳо байни кишварҳои исломӣ ва Фаронса қатъ карда шаванд
Расонаҳои Покистон аз тасмими нахуствазири ин кишвар барои матраҳ кардани баҳси қатъи равобити кишварҳои исломӣ бо Фаронса хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, расонаҳои покистонӣ рӯзи сешанбе навиштанд ба дунболи шиддат ёфтани исломҳаросӣ дар Фаронса ва иқдомоти тавҳиномези нашрияи Шарли Эбдо, Имрон Xон нахусти вазири Покистон тасмим гирифтааст то бо сарони кишварҳои исломӣ дар бора қатъи равобит бо Париж ройзанӣ кунад.
Бар ҳамин асос, вазири умури хориҷаи Покистон аз тарафи Имронхон маъмур шуда то бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ тамос бигираду натиҷаи онро ба итилоъи кобинаи давлати Покистон бирасонад.

Давлати Покистони 17 ноябри гузашта хостаи аслии ҳазорон нафар аз шаҳрвандони ин кишварро, ки дар эътироз ба тавҳини нашрияи Шарли Эбдо ба соҳати муқаддаси Паёмбари Акрам ( с ) таҷаммӯъ карда буданд, пазируфт ва қавл дод мавзӯи ихроҷи сафири Фаронса аз и
Исломиобод ва коҳиши равобити дипломатӣ бо Парижро дар порлумони миллӣ матраҳ кунад.
Фарохондани сафири Исломобод аз Париж ва таҳрими расмии молҳои фаронсавӣ дар шаҳрҳои Покистон аз дигар хостаҳои муътаризон буд.
Бештар бихонед: