Декабр 09, 2020 12:17 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Венесуэла Николас Мадуро мегӯяд, ки мухолифонаш қасди террори ӯро доштаанд
    Раиси Ҷумҳурии Венесуэла Николас Мадуро мегӯяд, ки мухолифонаш қасди террори ӯро доштаанд

Раиси Ҷумҳурии Венесуэла аз хунсо шудани тарҳи террори худ дар рӯзи баргузории интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Раиси Ҷумҳурии Венесуэла Николас Мадуро сешанбе шаб гуфт: «Маркази раъйгириро, ки қарор буд дар онҷо ҳозир шавам тағйир додам, чунки иттилооти муртабит бо террори ман аз як манбаи мавриди эътимод дар дастгоҳи иттилоотии Колумбия берун омадаи буд.»

Мадуро ҳамчунин раиси ҷумҳури Колумбияро муттаҳам кард, ки дар ин тарҳи террор даст доштааст.

Индира Алфонсо, раиси Шӯрои Миллии Интихоботии Венесуэла рӯзи душанбе эълом дошт, ки Ҳизби сотсиалисти Мадуро ва ҳампаймонҳояш бо раиси ҷумҳурии Венесуэла 67 дарсади курсиҳоро дар парлумон ба даст овардаанд.
 
 Раиси ҷумҳурии Венесуэла эълом карда буд дар сурати пирӯзии мухолифон дар интихоботи 6 декабр, аз раёсати ҷумҳурӣ канорагирӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад ҳизбҳои мухолифи давлати Каракас интихоботро таҳрим карда буданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп