Нафти Венесуэла муҳаррик буд ё ғанимати ҷанг?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123724-Нафти_Венесуэла_муҳаррик_буд_ё_ғанимати_ҷанг
Порс-Тудей. Трамп аз муддатҳои тӯлонӣ барои нафти Венесуэла нақша кашида буд, аммо хабаргузориҳо ва андешкадаҳои амрикоӣ пас аз таҳаввулоти Венесуэла ба он пардохтаанд.
(last modified 2026-01-05T11:19:10+00:00 )
Январ 05, 2026 16:16 Asia/Dushanbe
  • Полоишгоҳи нафти Петролуис дар Венесуэла
    Полоишгоҳи нафти Петролуис дар Венесуэла

Порс-Тудей. Трамп аз муддатҳои тӯлонӣ барои нафти Венесуэла нақша кашида буд, аммо хабаргузориҳо ва андешкадаҳои амрикоӣ пас аз таҳаввулоти Венесуэла ба он пардохтаанд.

Аз чанд моҳи гузашта таҳдиди Венесуэла ба баҳонаи маводи мухаддир аз ҷониби Трамп оғоз шуд. Ҳоло чанд рӯз пас аз дастгирии Мадуро аз ҷониби амрикоиҳо, бисёре аз хабаргузориҳо ба баррасии аҳамияти нафти Венесуэла барои Амрико пардохтаанд. “Порс-Тудей” дар идома гузидае аз ин таҳлилҳоро овардааст.

CNN дар гузориши муфассал ба баррасии ин мавзуъ пардохт, ки агар дар Венесуэла нооромиҳои иҷтимоӣ рух надиҳад, Амрико ба осонӣ бар нафти Венесуэла мусаллат мешавад ва тағйироте дар нархи ин модда ба вуҷуд нахоҳад омад. Си Эн Эн дар аҳамияти нафти Венесуэла барои Амрико навишт: Иёлоти Муттаҳида бузургтарин истеҳсолкунандаи нафти ҷаҳон, нафт хоми сабук ва ширин дорад, ки барои истеҳсоли бензин мувофиқ аст, аммо корбурди зиёде надорад. Аммо нафти хоми сангин ва турше монанди нафти Венесуэла барои истеҳсоли баъзе маҳсулоти сохташуда дар равандҳои коркард, аз ҷумла газоил, асфалт ва сӯзишворӣ барои корхонаҳо ва дигар таҷҳизоти сангин хеле муҳим аст. Газоил дар саросари ҷаҳон бо камбуди пешниҳод рӯбарӯ аст, ки қисмати асосии он ба далели таҳримҳои нафтии Венесуэла аст.

Аммо андешкадаи амрикоии “Атлантик Кансил” дар таҳлиле нафти Венесуэларо муҳаррики фатҳи Венесуэла донист ва на ғанимати ҷанг. Ин андешкада навишт: Агар интиқоли қудрат ба таври муназзам сурат гирад, ширкатҳои амрикоӣ аз тағйироти сиёсӣ суд мебаранд. Гарчанде Иёлоти Муттаҳида бузургтарин истеҳсолкунандаи нафту гази ҷаҳон аст ва аз амнияти энержӣ бархӯрдор аст.

Дар идомаи ин таҳлил омадааст: Тазмини қудрати Венесуэла дар баробари Амрико ба ҳадафҳои сиёсати дохилии Трамп кӯмак мекунад.

Аммо “Гардиан” дар таҳлили интиқодӣ гуфт: Тамаркузи Трамп бар нафти Венесуэла таъкид мекунад, ки амали ӯ ҳаргиз дар бораи ҷанг бо маводи мухаддир» набуд.

“Гардиан” навишт: “Доналд Трамп нафти Венесуэларо меҳвари асосии конфронси хабарии як соати хеш дар рӯзи шанбе (рӯзи амалиёти дастгирии Мадуро) қарор дод. Раисиҷумҳури Амрико камтар ба ҷанг бо маводи мухаддир ишора кард, мавзӯе, ки моҳҳо ҳамчун баҳонаи асосӣ барои афзоиши нерӯҳои низомӣ ва ҳамлаҳо ба киштиҳо пешниҳод мешуд. Раиси ҷумҳурии Амрико камтар ба “ҷанг бо маводи мухаддир” ишора кард, мавзӯе ки моҳҳо ба унвони тавҷеҳи аслӣ барои афзоиши неруҳои низомӣ ва ҳамалот ба киштиҳо матраҳ мешуд. Ӯ беш аз дувоздаҳ бор ба нафт ишора кард, ҳатто вақте суолоти хабарнигорон ба он марбут намешуд.

Исрори Трамп дар ин мавзуъ иддаоеро, ки Венесуэла аз замони афзоиши танишҳо борҳо матраҳ карда буд, тақвият кард: инки ҳадафи аслии ӯ сарнагунии Мадуро ва тасоҳуби захоири азими табиии кишвар будааст.

Дар ин байн “Политико” ба баррасии суддеҳӣ ва ё зиёндеҳии санъати нафти Венесуэла барои ширкатҳои нафтии амрикоӣ пардохт. Чизе ки боиси тардиди онҳо барои вуруд ба бозори нафти Венесуэла шудаву садои Трампро даровардааст. Ин сайти таҳлилӣ навишт: “Яке аз нигарониҳои аслӣ барои мудирони санъати нафти Амрико, амнияти коркунон ва таҷҳизоте аст, ки ширкатҳо бояд ба Венесуэла бифиристанд, наҳваи пардохт онҳо, инки оё қимати нафт ба андозаи кофӣ боло хоҳад рафт то нафти Венесуэла судовар бошаду вазъияти узвияти Венесуэла дар Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) аст. Қимати нафти меъёри Амрико дар поёни бозори ҷумъа 57 доллар дар ҳар бушка буд, ки камтарин миқдор аз поёни даврони пондемия маҳсуб мешавад”.