Панҷ сол зиндони шартӣ барои ҳамсари руси як тоҷики узви ДИИШ
Додгоҳе дар Маскав барои як зани рус, ки ба ҳамроҳи ҳамсари тоҷикаш бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафта буд ҳукми 5 сол зиндони шартӣ содир кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Парсо pressa . tj, додгоҳи низомии ҳавзаи ғарбии Русия дар вилояти Маскав хонум Анастасия Трушкинаро ба далели доштани 4 фарзанд, мушорикати мустақим надоштан дар даргирҳои низомӣ дар Сурия ва Ироқ ва ибрози пушаймонии вай аз пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ, ба 5 сол ба зиндони шартӣ маҳкум кард.
Анастасия Трушкина дар соли 2014 бо фурӯхтани сармояи хеш ба ҳамроҳи шавҳари тоҷикашу 4 фарзандаш аз тариқи Туркия нахуст ба Сурия ва сипас ба Ироқ рафтааст.
Вай муддаӣ аст, ки танҳо ба парасторӣ аз маҷрӯҳон машғул буда ва дар ҳеч даргирӣ ширкат накардааст, зеро аз аҳдофи аслии гурӯҳи террористии ДИИШ хабар надоштааст.
Дар соли 2019 пас аз захмӣ шудани шавҳари тоҷикаши қасди бозгашт ба Русияро доштааст, ки марзбонони Туркия ононро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.
Хонум Анастасия Трушкина гуфтааст, ки шавҳараш низ дар ҳеч даргирӣ ширкат накарда бештар дар бахши интиқоли захмиҳои ДИИШ ба марокизи дармонӣ фаъолият мекардааст.
Мақомоти сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ду урдӯгоҳи таҳти назорати гурӯҳҳои курди сурӣ 500 нафар аз занону кӯдакони тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд, ки падарону мардоншон пас аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар даргириҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанду талош мешавад ба кишварашон бозгарданд.
Бештар бихонед: