Декабр 10, 2020 17:42 Asia/Dushanbe
  • Идомаи саркӯб кардани эътирозгарони амрикоӣ дар Портланд
    Идомаи саркӯб кардани эътирозгарони амрикоӣ дар Портланд

Пулиси Портланди Орегон бори дигар тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ дар ин шаҳрро саркӯб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мӯътаризони зидди нажодпарастӣ дар идомаи эътирозот дар шаҳри Портланди Амрико бори дигар ба хиёбонҳо омаданд, аммо ин эътирозот дар пайи даргирии маъмурони полис бо мӯътаризон ба хушунат кашида шуд. 

Шаҳрҳои мухталифи Амрико, аз ҷумла Портланд аз 25 майи 2020, саҳнаи тазоҳуроти мардуми мӯътариз ба рафтори нажодпарастонаи полиси ин кишвар аст.

Як афсари сафедпӯсти полиси Амрико, душанбеи 25 май, "Ҷорҷ Флойд " George Floyd шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоиро дар шаҳри "Миниполис" дар иёлати "Минисото" ба қатл расонд.

Ин ҷиноят хашми мардуми Амрикоро дар пай доштааст. Полис ва нерӯҳои амниятии Амрико, аммо ба дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар мардуми мӯътаризро саркӯб мекунанд.

Трамп барои муқобила бо мӯътаризон беш аз сад маъмури федеролро барои саркӯби эътирозот ба шаҳри Портланд фиристод ва ин иқдоми вай ба идомаи эътирозот доман задааст .

Барчасп