Октябр 15, 2016 11:46 Asia/Dushanbe

193 узви Маҷмаи умумии Созмони Милал панҷшанбеи гузашта дар раъйдиҳии худ Антониу Гутеррешро ба унвони дабири кулли ояндаи ин созмони ҷаҳонӣ интихоб карданд.

Чанд рӯз қабл аз ин Шӯрои амнияти Созмони Милал Гутерреши 67-соларо гузинаи муносибе барои ҷойгузинии Пан Ги Мун, дабири кулли феълии Созмони Милал донист. Бо ин интихоб Пан Ги Мун, ки дувумин давраи панҷсолаи дабирияшро дар Созмони Милал 31 декабри ҳамин сол поён хоҳад дод, Гутерреш ба унвони нуҳумин дабири кулли ин созмони 71-сола ин масъулиятро ба уҳда хоҳад гирифт.

Ҳамкорамон Ҳусайнӣ дар гузорише корномаи Пан Ги Мунро дар даврони дабирияш баррасӣ кардааст.