Назари манфии аксари амрикоиҳо ба амалкарди Трамп
-
Назари манфии аксари амрикоиҳо ба амалкарди Трамп
Тибқи як пурсиши нав, аксарияти амрикоиҳо бар онанд, ки вазъ дар Иёлоти Муттаҳида дар давраи раиси ҷумҳурии кунунӣ бад шудааст.
Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии "Ҳел", натоиҷи назарсанҷии ҷадиди шабакаи хабарии Факс нюз нишон медиҳад 55 дарсад аз раъйдиҳандагони амрикоӣ мегӯянд вазъияти кишварашон дар даврони Доналд Трамп раиси ҷумҳӯрии феълӣ нисбат ба 4 соли пеш бадтар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки танҳо як сеюм, эътиқод ба беҳбуди шароит дар давраи замони раёсати ҷумҳурии Трамп доранду 11 дарсад низ шароитро бидуни тағйир донстанд.
Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, 52 дарсад аз ширкаткунандагон ба амалкарди чаҳорсолаи Трамп дар мансаби раиси ҷумҳурӣ раъйи манфӣ доданд ва танҳо 47 дарсади амалкарди ӯро тайид карданд.
Аксарияти раъйдиҳандагон дар ин назарсанҷӣ ҳудуди 42 дарсад, Трампро яке аз бадтарин руасои ҷумҳурии торихи амрикоӣ номиданд, ва 22 дарсад назари мухолифи инро дошта ва 26 дарсад ҳам мӯътақид буданд, ки амалкарди ӯ болотар аз мутавассит арзёбӣ мешавад.
Трамп, ки бо шикаст дар интихоботи сеюми ноябри 2020, раиси ҷумҳурии даврае шуд, ки амалкарди номуваффақе дошта мавриди муҳимми он ба сӯимудирияти бӯҳрони корона дар Амрико марбути мешавад.
Назарсанҷии шабакаи хабарии Факс нюз, бо мушорикати ҳазору 7 нафар дар фосилаи замонии 6 то 9 декабр баргузор шуд.
Бештар бихонед: