Декабр 12, 2020 21:03 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши нахуствазири Азҷазоир ба оддисозии равобити кишвари Мағриб ва режими саҳюнистӣ
    Вокуниши нахуствазири Азҷазоир ба оддисозии равобити кишвари Мағриб ва режими саҳюнистӣ

Нахуствазири Азҷазоир дар вокуниш ба оддисозии равобити кишвари Мағриб бо режими саҳюнистӣ гуфт ин режим дар марзҳои Алҷазоир аст ва барои муқобила бо ин таҳдид бояд муттаҳид шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алҷазоирии "Ал-Хабар", "Абдулазиз Ҷаррод" нахуствазири Алҷазоир имрӯз шанбе дар суханоне зимни ҳушдор дар бораи таҳдиди ҷадиди режими саҳюнистӣ алайҳи Алҷазоир бар зарурати афзоиши талоши ҳамаи алҷазоириҳо барои ҳалли мушкилоти дохилӣ ва суботи кишвар таъкиди кард.

Қаблан, Абдулҷамид Табун, раисиҷумҳури Алҷазоир, дар посух ба эълони тавофуқнома дар мавриди эътидоли равобити Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн бо режими саҳюнистӣ гуфта буд, ки Алҷазоир аз мардуми Фаластин, аз ормонҳо ва ҳаққи онҳо барои ташкили давлати мустақил дар пойтахти Байтулмуқаддас пуштибонӣ мекунад.
 
Табун афзуд Алҷазоир ҳаргиз ба раванди оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ нахоҳад пайваст.

Доналд Трамп, Раиси Ҷумҳурии Амрико рӯзи панҷшанбеи гузашта аз оддисозии равобит миёни Мағриб ва режими саҳюнистӣ хабар дод.

Пештар низ дар пайи фишорҳои Трамп барои оддисозии равобити режимҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ, Иморот, Баҳрайн ва Судон бо Исроил бар сари оддисозии комили равобити диплумотик ба тавофуқ расида буданд.

Ин тавофуқот бо интиқодоти густарда дар ҷаҳони ислом мувоҷеҳ шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп